Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2022 19:08, шаҳри Душанбе
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  30.06.2022

30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз тарафи гуруҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳалҳо бо мардум мунтазам мулоқот гузаронда мешавад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021-2025 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи он 5,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот ба истифода дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш доданд, ки фаъолият оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур карда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сипас дар кори маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 ва масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Аъзои Ҳукумати кишвар ҳамчунин баъди муҳокима 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,   Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин вобаста ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хурока, омодагии ҳамаҷониба ба давраи маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва  таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520