Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида

08.07.2022 18:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти фоҷеавии собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзё Абэ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид. Ҷониби Тоҷикистон ин суиқасди марговарро қатъиян маҳкум менамояд.

Марҳум бо фаъолияти созандаи худ ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида буд ва дар таъмини зиндагии шоистаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Ҷопон нақши босазо дошт.

Ҷаноби Синдзё Абэ дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон саҳми шоиста гузошта, бо саъю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо бо номи нек боқӣ хоҳад монд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо шодравон дар ёд дорам ва мо ба шахсияти ӯ эҳтироми арзанда мегузорем.

Дар робита ба ин мусибати гарон аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Ҷопон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520