Субҳи имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Ҳангоми сӯҳбат сарварони ду кишвари дӯст ба вазъи ҳозира ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкориҳои бунёдӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳо ва роҳҳо байни ду кишвар ва дигар объектҳои инфраструктурӣ аз мавзӯъҳои умдаи сӯҳбат буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуда, мавзӯъ ва мундариҷаи Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро (ЭКО), ки моҳи оянда дар Теҳрон баргузор хоҳад гашт, муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.