Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Ховалинг

16.07.2022 08:50, ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Ховалинг  16.07.2022

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти соҳаи саноат дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.

Пас аз ба истифода супоридани иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки 8 нафарашон занону дӯхтарон мебошанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Дастрасии дастгоҳу механизми муосири соҳавӣ имкон фароҳам меорад, ки 4 номгӯи макарон дар як шабонарӯз 1,5 тонна ва дар як моҳ 45 тонна истеҳсол карда шавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар оянда марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд карда шуда, бо ин васила ҳаҷми истеҳсол дар як сол ба 1000 тонна расонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти ҳамешагӣ, афзоиш бахшидани самти фаъолият ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои корию таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шуморида, бо назардошти имкониятҳои фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон дастуру супоришҳои махсус доданд.

Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ 5 намуд асал, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, хушкмева, шарбату консерва, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия пешниҳод карда шуда буд.

Ҳамчунин техникаву механизми соҳаи кишоварзӣ, ки омодаи кор мебошанд ба намоиш гузошта шуда, иқтидори соҳаи кишоварзии ноҳия муаррифӣ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520