Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни ҷамъоварии ғалла ва парвариши картошка дар Кооперативи истеҳсолии "Абдулло Сафолов" ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг

16.07.2022 10:35, ноҳияи Ховалинг

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» шинос шуда, ба ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 1993 таъсис ёфтааст ва дорои 22 гектар замин мебошад. Дар ин хоҷагӣ 12 нафар саҳмдор фаъолият доранд.

Дар кооперативи мазкур ҳар як қитъа замин пурсамар истифода гардида, ҳамасола аҳли заҳмат ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла ба даст меоранд.

Кишоварзон дар мавсими кишти тирмоҳӣ дар масоҳати 13 гектар ду навъ гандум, аз ҷумла “Краснодар-99” ва «Пештоз» кишт намуда, акнун умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 45-55 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Барои ҷамъоварии беталафу саривақтии ҳосили ғаллазор техникаҳои зарурӣ ҷалб карда шуда, дарави ғалла дар асосии риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор идома дода мешавад.

Аснои шиносоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагидорон маълум гардид, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» ҳамчунин дар заминаи истифодаи мақсадноки қитъаҳои дар ихтиёрдошта дар 1 гектар ғаллаи баҳорӣ, 1 гектар ҷав, 1 гектар пиёз, 1 гектар помидор, 1 гектар картошка, 3 гектар боғ ва дар 4 гектар юнучқа барои хӯроки чорво ва тухмӣ кишт карда шудааст.

Заҳматкашони хоҷагӣ ҳамасола аз кишту парвариши картошка низ дар асоси тавсияи мутахассисон ва интихоби дурусти тухмии босифат ҳосили хубу фаровон ба даст меоранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз фаъолияти ибратбахши Кооперативи истеҳсолии "Абдулло Сафолов" дар ҳамин ҷо, аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Ховалинг боздид карданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзону сокинони ноҳия маҳсули дастранҷи худ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот дар шакли тару тоза ва маҳсулоти консервашударо ба маъраз гузоштанд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ ҷангалпарварони ноҳияи Ховалинг гулу гиёҳҳои шифобахш ва асали табиии ин мавзеи кӯҳистони кишварро муаррифӣ намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 357 мерасад ва соли равон занбӯрпарварон беш аз 25 тонна асали табобативу аз ҷиҳати экологӣ тоза гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдому талошҳои кишоварзони ноҳияи Ховалингро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, махсусан таъмини амнияти озуқаворӣ шоиста хонда, ба кишоварзон барои истифодаи пурсамари имкониятҳои табиии Тоҷикистон дар заминаи истифодаи пурсамари заминҳои корам ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520