Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз сафари расмӣ ба Шоҳигарии Белгия

12.02.2009 04:00, Белгия

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия субҳи рӯзи 10 - уми феврал бо маросими истиқболи бошукӯҳ аз ҷониби Сарвазири он Херман ван Ромпей дар саҳни қасри таърихии Эгмонт оғоз ёфт.

Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо саф кашидани Горди ифтихорӣ, садо доданисурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои оркестри низомии шоҳаншоҳӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гашт.

Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бахш?ои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои ?имматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон, ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид.

Ба таври мунтазам доир намудани форумҳои соҳибкорон ва тавсиаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқоти гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.

Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия - Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Протокол миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ;

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои марказии Шӯрои Аврупо омада, бо Дабири кулли ин созмон, Намояндаи Олии Итти?оди Аврупо оид ба сиёсати даст?амъии хори?ӣ ва амниятӣ Хавиер Солана вохӯрӣ намуд.

Аз сатҳи муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногун ва аз ҳадафҳои Стратегияи Итти?од барои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Рушди со?аи гидроэнергетика, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, тавсиаи инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия ва болобарии қобилияти транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон азҳадафҳои асосии ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкиднамуд, ки барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии он, аз кишти зироатҳои нашадор боздоштани деҳқононаш ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамкории тамоми кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бошад.

Вусъати кӯмак ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонситон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.

Сипас дар бинои Берлиамони шаҳри Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон Итти?оди Аврупоро яке аз шарикони му?ими тиҷоратии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши мута?обилаи мол зиёда аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба гуфти ӯ 20 дар сади содироти Тоҷикистон ма?з ба кишвар?ои Итти?оди Аврупо рост меояд.
Рушди соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маънидод гардид.

Баъди анҷоми мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо нишасти матбуотӣ ороста, зимни он дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро умедбахш маънидод карданд.

Жозе Мануел Бароззо нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва ҳамгироиро бо он муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон 100 миллион евро ҷудо мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот ва дурнамои ҳамгироиҳо бо Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе муло?оти «тройкаи» Итти?од ва вазирони кор?ои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масоили рушди ҳамкории минтақавӣ баргузор хоҳад гашт.

Хотиррасон мекунем, ки манзур аз мафҳуми русии «тройка» се кишвари Аврупо аст, яъне раиси гузашта, ҳозира ва ояндаи Иттиҳод. Раёсат дар Иттиҳоди Аврупо ҳар ним сол аз як давлат ба давлати дигари узви он мегузарад.

Масоили ҳамгироии гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Жосек Волский баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди намояндагони Парлумони Аврупо ва ҳайати махсуси кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон, ки дар роҳи рушду нумӯи минтақа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҷалб намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат ва боэътимоди худро дошта бошад». «Агар ба хатару таҳдидҳои глобалие, ки минтақаи мо бо онҳо рӯ ба рӯ аст, дар марз?ои Афғонистон садди ҷиддӣ нагузорем, пас бо он?о дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он мабла?у захира?ои да?чандро талаб менамояд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дастгирии иқтисодӣ ва техникию технологии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз бӯҳрони молиявӣ зиёни калон мебинад, амри зарурию саривақтӣ маънидод гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони Парлумони Аврупо оид ба фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.

Матни пурраи ин сӯҳбат тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн мегардад.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштадро ба ҳузур пазируфт.

Таъкид гардид, ки минбаъд Бонки сармоягузории Аврупо бо раҳнамоии Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Филипп Мейштад аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот як созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо имзо намуданд, ки ҳадаф аз он маблағгузории лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аст.

Ба гуфти Филипп Мейштад Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.

Субҳи рӯзи 11 – уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боДабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд.

«НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯи таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеъи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ сурат гиранд.

Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ?амгироии он ба нерӯҳои НАТО дар Аф?онистон ба?ои баланд дод.

Дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ ба?ри сул?» ва на?шаҳои дигари ?амкорӣ бо НАТО оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик, ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба истифодаи потенсиали НАТО дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси НАТО дар Тоҷикистон, таъсиси Маркази наҷотди?ӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офат?ои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуд.

Масоили омодагӣ ба ҷаласаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ»-и НАТО, ки имсол дар Остона баргузор мегардад, низ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии илмию техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Тоҷикистон ба ҷараёни татбиқи Хартияи Энергетикӣ ва А?дномаи он чун узви фаъолу комилҳуқуқи он таваҷҷӯҳи доимӣ зо?ир менамояд, зеро ин санадҳо пояи устувори ҳуқуқии ?амкори?оро дар со?аи энергетика дар минта?аи бузурги Осиёву Аврупо ташкил менамоянд”, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зарурати ҳамкорӣ дар самти кашф ва истифодаи конҳои нафту газ ва ангишти Тоҷикистон низ талаби рӯз номида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Котиботи Хартияи Энергетикӣ дар густариши ?амкори?о бо Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои татби?и лои?а?ои судманди энергетикӣ саҳми намоён мегузорад.

Тарафҳо ба мувофи?а расиданд, ки дар Хартияи Энергетикӣ шуъбаи гидроэнергетика низ кушода шавад ва дар он намояндаи Тоҷикистон низ бошад.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Брюсел иштирок намуд.

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белгия мулоқот намуда, сипас дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Белгия иштирок намуд. Дар пойтахти шоҳигарии Белгия шаҳри Брюсел, ки гуфтан мумкин қалби Аврупо ба шумор меравад, дар бинои алоҳида кушода шудани Сафорати Тоҷикистон фоли нек аз оғози фаъолияти босамари он ва густариши муносибатҳо бо ин кишвар ва сохторҳои байналмилалию аврупоии муқими ин шаҳр аст.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сенати Шоҳигарии Белгия Арманд Де Деккер мулоқот намуда, оид ба ҷанбаҳои ҳукуқию сиёсии ҳамкории ду кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520