Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои марказии Шӯрои Аврупо омада, бо Дабири кулли ин созмон, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана вохӯрӣ намуд.
Аз сатҳи муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногун ва аз ҳадафҳои Стратегияи Итти?од барои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Рушди со?аи гидроэнергетика, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, тавсиаи инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия ва болобарии қобилияти транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон азҳадафҳои асосии ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкиднамуд, ки барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии он, аз кишти зироатҳои нашадор боздоштани деҳқононаш ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамкории тамоми кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бошад.
Вусъати кӯмак ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонситон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.