Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

25.07.2022 15:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар воҳидҳои сохтории вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Варзоб - Шерализода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Сафарзода Шарифхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт, раиси ноҳияи Варзоб таъин гардид.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Комилбек Амид, ки ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Бойназарзода Мавлуда директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳо таъкид карданд, ки дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520