Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние

11.02.2009 15:00, Белгия

Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии илмию техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Тоҷикистон ба ҷараёни татбиқи Хартияи Энергетикӣ ва Аҳдномаи он чун узви фаъолу комилҳуқуқи он таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд, зеро ин санадҳо пояи устувори ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика дар минтақаи бузурги Осиёву Аврупо ташкил менамоянд”, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зарурати ҳамкорӣ дар самти кашф ва истифодаи конҳои нафту газ ва ангишти Тоҷикистон низ талаби рӯз номида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Котиботи Хартияи Энергетикӣ дар густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои судманди энергетикӣ саҳми намоён мегузорад.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар Хартияи Энергетикӣ шуъбаи гидроэнергетика низ кушода шавад ва дар он намояндаи Тоҷикистон низ бошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520