Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом

11.08.2022 08:35, шаҳри Конибодом
Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом   11.08.2022

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Обро ба ин мавзеъ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 100 мм баровардаанд. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хати барқи алоҳида таъмин аст. Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиëр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.

Соли равон хоҷагидорон дар масоҳати 10 гектар пахтаи навъи "Дӯстӣ" ва "Ориëӣ" кишт намудаанд. Ин навъи зироат ба иқлими минтақа мутобиқ буда, дар сурати риояи пурраи талаботи агротехникӣ имкон аст то 45 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар майдони пахтазори хоҷагӣ коидаҳои агротехникӣ пурра риоя гардида, ба анҷом расонида шудааст. Ин аст, ки нашъунамои зироат хуб мебошад.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳри Конибодом дидан карданд. Хоҷагидорон ва дигар сокинони шаҳр дар растаҳои алоҳида ҳосили зироат, аз қабили ғалладонагиҳо, лубиëдонагиҳо, сабзавоту полезиҳо, ҳосили зироати техникӣ, картошка, меваҳои шаҳдрез, асал ва дигар маҳсулоти бо меҳнати ҳалол ба дастовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули заҳмати аҳолии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, тақвият бахшидани корҳои саҳроӣ, бештар намудани майдони кишти зироат ва боғу токзорро дар шароити кунуни муҳим шумориданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520