Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» дар шаҳри Конибодом

11.08.2022 09:53, шаҳри Конибодом
Ифтитоҳи шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» дар шаҳри Конибодом  11.08.2022

11 август  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида буд ва инак, пас аз 1 сол дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.

Сохтмони боғи кӯдаконаи “Кайҳон” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов сурат гирифтааст. Арзиши иншоот, ки тарҳи муосиру замонавӣ дорад, 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар вақти корҳои сохтмонӣ мутахассисону устоҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.

Ин маркази дилхушии кӯдакона дар масоҳати 0,42 гектар сохта шуда, ба ҳусни шаҳри Конибодом зебогии дигар зам мекунад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар боғчаи мазкур таҷҳизоти муосир барои бозиҳои бачагона насб карда шуда, пешкаши аҳолии шаҳри Конибодом, хусусан кӯдакон гардонида шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520