Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” ва тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл

11.08.2022 11:40, шаҳри Конибодом
Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” ва тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл   11.08.2022

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.

Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин” аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маҷмааи хизматрасонӣ дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бунёд гардида, бештар аз 30 нафар коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» тадбирҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар Маҷмаи хизматрасонии «Тоҷи заррин» 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва барои бунёди он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа роҳандозӣ гардид, ки хусусияти доимӣ касб карда, нишонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520