Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

12.08.2022 09:38, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд  12.08.2022

12 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ аз моҳи декабри соли 2021 оғоз гардида, дар 8 моҳ ба анҷом расид. Барои сохтмони бино маҳсулоти хушсифати ватанӣ истифода шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии "Шукуфаи Истиқлол" аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда барои таълими 250 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин муассисаи таълимии замонавӣ 13 нафар мураббӣ дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбияи дуструякон машғуланд.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона,толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Дар саҳни муассиса ҳавзи шиноварӣ бо фаввора, айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудааст. Деворҳои саҳни муассиса бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик оро дода шудаанд. Чароғҳои замонавӣ ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонави ҳусни тоза мебахшанд.

Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мураббиёни он дастур доданд,ки таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд,то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520