Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

30.01.2009 19:00

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Нахуст мавзӯъоти густариш ва рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистну Афғонистон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасии сарварони ду кишвари дӯст қарор гирифт. Зимнан сӯҳбат оиди масоили обу барқ ва истифодаи пулҳои байни ду мамлакат идома ёфт ва ҳангоми он тағйироту таҳаввулоти ахири дар арсаи минтақавӣ суратгирифта низ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии кишвари худро аз сиёсати дар ин мавзӯъ пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои амниятиву низомӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосирро низ ба тафсил баррасӣ намуданд ва дар вақтҳои наздик баргузор намудани мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро мувофиқи мақсад донистанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520