Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III

09.09.2022 11:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти Улёҳазрат Маликаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Улёҳазрат Елизаветаи II бо фаъолияти доманадори худ дар маснади Маликаи Подшоҳӣ хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди кишварро муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд ва эҳтиром гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Аълоҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон ва мардуми дӯсти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520