Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мавсими нави ниҳолшинонӣ

27.12.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Чунонки таҷриба нишон медиҳад, дар иқлими муътадили Тоҷикистон охири фасли тирамоҳ ва аввали зимистон аз ҳама вақти мусоид барои оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ аст. Имрӯз бо риояи ин анъанаи накӯи бобоӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист ба таври оммавӣ оғоз ёфт.

Гурӯҳи наворбардори мо шоҳиди ҳашари серодами ниҳолшинонӣ дар назди Қасри Миллат, Кохи Истиқлол ва чандин мавзеъҳои дигари шаҳри Душанбе гашт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри миллат ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, аз қабили сарву санавбар, булут, кипариси аризонӣ ва ғайра шинонда, шахсан дар оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист фаъолона иштирок кард.

Бояд махсус таъкид намуд, ки ниҳолшинонию боғдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот аз оинҳои бостонӣ ва пурифтихори ниёгони ориёии мост, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста мавриди арҷгузорӣ, пайравӣ ва тарғибу ташвиқи васеъ қарор мегирад.

Мавриди эътимоду боварист, ки ташаббусу пешкории имрӯза ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки иқлими муътадилу мусоид доранд,

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520