Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 100-солагии зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров

24.12.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд ва дӯстони гиромӣ!

Мо имрӯз бо шумо - намояндагони фаъоли зиёиёни тоҷик ва меҳмонони азизи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ доир ба фаъолияти илмиву сиёсии Бобоҷон Ғафуров аз кишварҳои гуногун ба Душанбе ташриф овардаанд, ба муносибати таҷлили ҷашни садумин солгарди ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ҷамъ омадаем.

Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни якасраи академик Бобоҷон Ғафуров, ки барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги тоҷик ва шарқшиносии ҷаҳон саҳми фаромӯшнопазир гузошта, барои хизматҳои бузург ва заҳмату талошҳои содиқонааш дар роҳи шинохти асолати миллии халқи тоҷик ва муаррифии арзандаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардидааст, табрик менамоям.

Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расидааст.

Ӯ тамоми ҳаёти худро сарфи таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик намуда, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш нафақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин низ саҳми арзанда гузошт.

Фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров, ки аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз шудааст, тадриҷан хеле густурда ва фарох гардида, масоили мухталифи таърихи қавму миллатҳои Машриқзамин, зиндагӣ ва осори мутафаккирони бузурги Шарқ, рушди илми шарқшиносӣ ва амсоли инҳоро фаро мегирад.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими дурандеши давлатӣ, сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно ба шарофати донишу хиради фавқулодда, маҳорати баланди ташкилотчигии худ дар ташаккули ҳаёти нав ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон хизмати бесобиқа кардааст.

Бобоҷон Ғафуров дар давраи пур аз тазод ва муборизаҳои шадиди сиёсиву илмӣ, яъне дар солҳои мураккабу тақдирсози 30-юми асри гузашта, ки ҳазорон зиёиёну равшанфикрон таъқибу бадарға гардида, ҳазорҳо нафари дигар тарки Ватан карда буданд, бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлӯи устод Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо кардааст.

Ӯ дар мақоми роҳбари аввали ҳизбии Тоҷикистон на танҳо барои рушду ободии ҳамаҷонибаи он ҳадафмандона кӯшишу талош намудааст, балки «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва шоҳасари таърихии «Тоҷикон»-ро таълиф намуда, бо ҳамин иқдоми худ мактаби илмӣ ва суннати таърихнигории муосири тоҷикро бунёд гузоштааст.

Академик Ғафуров бо овардани садҳо далелу бурҳони қотеъ ва дар асоси ҳазорҳо сарчашмаву манбаъҳои асил собит намуд, ки миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ба таҳрифи огоҳонаи таърих ё ба ибораи дигар, таърихсозӣ ва бузургтарошӣ умуман ниёз надорад.

Зеро ин миллат соҳиби таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адабиёти пурғановат мебошад, ки ҳатто бо шинохту ошноии мухтасар нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ эҳсос кардан мумкин аст.

Корномаи безавол ва талошу муборизаҳои далеронаи фарзандони бонангу номуси халқи мо Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Сунбоди Муғ, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ ва садҳову ҳазорон шахсиятҳои фидокор худ далели бебаҳси рӯҳи мубориз, озодихоҳиву меҳанпарастӣ, салобату ҷавонмардӣ, ҳусни тадбиру зиракӣ ва ормонҳои ҳамеша зиндаи истиқлолхоҳӣ мебошанд, ки дар китоби заррини таърихи тоҷикон ҳамчун дарси ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда сабт шудаанд.

Ҳатто талошу пайкори беш аз сисолаи Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ мебошад, ки бо тасвири таърихи пурифтихори давлату давлатдории ниёгони мо дами шамшери хунрези бегонагонро гирифт ва бо ситоиши тамаддуни чандинҳазорсолаи гузаштагон миллати моро аз хатари парешониву парокандагӣ раҳоӣ бахшид.

Илова бар ин, таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон борҳо бо истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар замони худ нерӯмандтарин буданд, вале аҷдоди мо бо ҳифзи забони ширину шоирона ва шевои модарӣ, суннатҳои адабиву фарҳангӣ ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, асолати миллиашонро нигоҳ доштаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик, дар айни замон таърихи илму адабиёт, санъати меъморӣ ва афкори динии халқи тоҷикро дар маҷрои ягонаи таърихи умумибашарӣ ва аз назари илми академӣ таҳқиқ кардааст.

Дар хусуси арзиши бузурги ин асар ман андешаҳои худро дар суханрониам ба ифтихори 90-солагии олим зикр карда будам ва имрӯз бори дигар таъкид месозам, ки «Тоҷикон» аввалин тадқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кардааст.

Ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид.

Муаллиф бо як ҷасорати ба худ хос ва далелҳои қотеъ анъанаҳои фарҳангиву таърихии давлату давлатдории тоҷиконро дар давоми чандин ҳазор сол гирдоварӣ ва арзёбӣ карда, дар айни замон ба таҷрибаи таърихии инсоният ва мероси фарҳангии дигар сокинони қаламрави Осиёи Марказӣ баҳои холисона ва одилона додааст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки усули таърихнигории Бобоҷон Ғафуров аз роҳи пешгирифтаи онҳое, ки дар замони собиқ шӯравӣ илми таърихнигориро пойбанди ғояҳо ва маҳдудияту таассуби он давра гардонида буданд ва раванди ба халқи ягона табдил додани халқу миллатҳои гуногунро мунтазам тарғибу талқин мекарданд, тафовути ҷиддӣ дорад: академик Ғафуров таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказиро дар қаринаи таърихи умумиаврупоӣ ва умумибашарӣ таҳқиқ карда, худро чун муаррихи авруосиёгии замони нав муаррифӣ намуд.

Ба қавли яке аз ҳамсафони содиқи Бобоҷон Ғафуров академик Борис Литвинский китоби «Тоҷикон» дар миёни баҳри азими консепсия ва назариёти гуногун ҳамчун ҷазираи зебои илм ва таърихнигории ҳақиқӣ арзи ҳастӣ намуд. Бинобар ин, метавон ӯро, бешубҳа, сипаҳсолори арсаи илм номид.
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори рушди илм дар пешрафти ховаршиносии ҷаҳонӣ низ нақши арзанда гузоштааст. Баъди соли 1956 сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шуданаш ӯ доираи омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои Машриқзаминро хеле васеъ гардонид.

Дар он солҳо бузургтарин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ доир ба масоили тамаддуни мардуми Шарқ маҳз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи академик Ғафуров баргузор гаштанд.

Яке аз чунин ҳамоишҳои олимони сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар аҳди Кушониён соли 1968 дар пойтахти Ватани мо - шаҳри Душанбе доир гардид, ки ин чорабинӣ дар ҳаёти илмиву фарҳангии мардуми тоҷик як рӯйдоди бузург ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар солҳои сарвари Институти шарқшиносӣ буданаш интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқро ташкил кард, ки ба шарофати ин иқдом беҳтарин офаридаҳои олимону муаррихон ва адибони кишварҳои Машриқзамин дастраси ҷаҳониён гардиданд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо пеш аз ҳама лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат карда тавонанд.

Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.

Хизмати академик Ғафуров дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб бисёр назаррас мебошад.

Тадқиқоти пурарзиши олим бо номи «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ», ки дар ҳамкорӣ бо муаррихи юнонӣ Сибукидис анҷом додааст ва ба мавзӯи ҳамбастагии тамаддуни Шарқу Ғарб бахшида шудааст, далели равшани ин суханҳост.

Ӯ дар доираи ЮНЕСКО низ ҳамчун раиси Кумитаи «Шарқу Fapб» фаъолона амал карда, масъалаи омӯзиши ҳамаҷонибаи илмии тамаддуни Осиёи Марказиро пешниҳод кард ва ба ҳайси Президенти Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши ин тамаддун дар татбиқи он саҳми бузурги шахсӣ гузошт.

Агар роҳи пуршарафи тайкардаи ин олим ва сиёсатмадори барҷастаро мухтасар ҷамъбаст намоем, метавон чунин гуфт, ки ӯ дар ҳақиқат ходими давлатии дар сатҳи академӣ бомаърифат ва академики дорои тафаккури давлатӣ буд. Гузашта аз ин, тамоми зиндагии ӯ намунаи хизмати содиқона ва фидокорона ба манфиати илм ва халқу Ватани хеш аст.

Итминон дорам, ки конфронси ба ифтихори ҷашни имрӯза баргузоршаванда саҳифаҳои нави фаъолияти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров ва паҳлӯҳои тозаи саҳми ӯро дар омӯзишу бузургдошти тамаддуни халқҳои Машриқзамин боз хоҳад кард.

Дӯстони азиз!

Дар поёни асри ХX ва оғози ҳазорсолаи сеюм мо шоҳиди дигаргуниҳои бунёдӣ ва рӯйдодҳои бесобиқаи таърихӣ гардида истодаем.
Имрӯз кӯшишҳои дастёбӣ ба камолоти воқеии илм ва дастрасӣ ба технологияҳои навин рақобатҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро ба миён овардааст, ки дар ин росто баробари таъмин гардидани сатҳи муайяни рушди инсоният равандҳои бартариҷӯии қудратҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд.

Дар баробари ин, ниҳодҳо ва арзишҳои миллӣ бо амвоҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ гашта, дар натиҷа миллатҳои бостонӣ дар ҷараёни эҳёи суннатҳои миллии хеш таҳти таъсири манфии халқҳо, кишварҳо ва тамаддунҳои дигар қарор гирифта истодаанд, ки ин раванд метавонад халқу миллатҳои хурд ва арзишҳои таърихиву миллии онҳо, аз қабили фарҳанг, мероси таърихӣ, забон ва осори адабӣ, инчунин дигар дастовардҳои нодиру нотакрорашонро гирифтори фаромӯшӣ ва нобудӣ созад.

Вале аз сӯи дигар бӯҳрони шадиди баамаломадаи молиявии ҷаҳонӣ кишварҳои хурду бузургро, сарфи назар аз сатҳи тараққиёт ва фарқияти низоми сиёсиву иҷтимоии онҳо ба ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ, таъмини суботу оромии сайёра ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти мавҷудаи инсоният водор месозад.

Гузашта аз ин, густариш пайдо кардани як қатор таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналхалқӣ, экстремизм, истеҳсолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ, ҳамчунин афзудани хатарҳои техногениву экологӣ ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки аз тариқи вусъат додани ҳамкориҳои муштарак ба хотири ҳифзи амнияту суботи сайёра саъю кӯшиш намоянд.

Ва ин амр давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки саргарми андешаҳои бузургманишӣ ва бартариҷӯӣ гардида, нисбат ба тақдири кишварҳои рӯ ба инкишоф ва аҳолии камбизоати сайёра низ бетараф набошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон низ аз як тараф маҳсули чунин равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум ва аз сӯи дигар натиҷаи талошҳои пайгиронаи фарзандони огоҳи миллат буда, бо асолат ва ҳувияти милливу таърихӣ, инчунин арзишу суннатҳои фарҳангии халқамон, ки дар таҳқиқоти бунёдии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шудаанд, робитаи қавӣ дорад.

Мову шумо хуб медонем, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ роҳи пуршебу фароз ва мураккабро паси сар намуда, дар заминаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод кардаанд ва дар ҳама давру замонҳо рисолати тамаддунофарӣ ва фарҳангсозиро иҷро карда, онро то имрӯз идома дода истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурифтихор ва дар айни замон басо пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлату давлатдории нави ҷавобгӯй ба манфиатҳои миллат ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистонро гузошт. Ва мо дар асоси майлу иродаи кулли халқамон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеш гирифтем.

Дар давоми солҳои истиқлолият мо як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навини кишварамонро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем; ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем.

Вале махсус бояд таъкид намоям, ки бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамоии мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон муяссар гардид.

Ҳидояти мардум ба шинохти асолати таърихиву миллӣ, бешак самти муҳимтарини сиёсати фарҳангии давлати мост, ки он тавассути таҷлили ҷашнҳо ва бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ ва илмиву мазҳабӣ, инчунин баргузории ҷашни шаҳрҳои таърихӣ амалӣ карда мешавад. Ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ нишонаи худнамоӣ ё бузургтарошӣ нест, балки тақозои давру замони нав мебошад.

Зеро дар ибтидои асри XXI - даврони шиддат пайдо кардани равандҳои ҷаҳонишавӣ ягон миллат ё давлат аз оқибатҳои манфии хатару таҳдидҳо ва бӯҳронҳои ҷаҳони муосир дар канор буда наметавонад.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои миллати тоҷик низ зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ ва дар маҷмӯъ нангу номус, иродаи мустаҳкам ва иттиҳоди қавӣ зарур аст, ки барои ин шинохти решаҳои амиқи таърихи худ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ бемуболиға аҳамияти бузург ва тақдирсоз дорад.

Зеро дар сурате ки ҳар як фарди бонангу номус аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёду ғановатманди миллати худ огоҳ асту аз ин мероси гузаштагони худ, инчунин аз давлату давлатдории мустақилонаи халқи хеш ифтихор менамояд, қодир аст, ки бо арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ Ватанашро сидқан дӯст дорад ва ба хотири ободиву тараққиёти он кӯшишу талош намояд.

Албатта, танҳо бо ифтихор аз таъриху фарҳанг ва шаҳру шаҳристонҳои бостонии халқи худ мо ободии имрӯзаи Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлатдории худро таъмин карда наметавонем.

Баръакс, барои ворисони сазовори ниёгони тамаддунсози худ шудан бояд ҳар як фарди огоҳи Тоҷикистон ва мову шумо пайваста ба хотири ҳамқадами замон тараққӣ кардани Ватани худ саъй намоем, то ки давлати соҳибистиқлоли мо ба муқобили таъсири омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ пойдору устувор ва тобовар бошад.

Имрӯз, дар замоне, ки Ватани аллома Ғафуров - Тоҷикистон соҳиби истиқлолият мебошад, аҳамияти зиндагӣ, фаъолият ва осори ӯ, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ва нақши онҳо дар болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ҷавонони бонангу номуси Ватан даҳчанд меафзояд.

Бинобар ин, дар арафаи ҷашни якасраи олим мо тасмим гирифтем, ки шоҳасари ӯ - «Тоҷикон»-ро аз нав чоп намоем.

Ва имрӯз нусхаҳои аввалини он ба иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ ҳадя мегарданд. Илова бар ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то рӯзи ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатӣ, яъне моҳи сентябри 2011 матни тоҷикии ин китоб ва тарҷумаи онро ба забони англисӣ аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат бо теъдоди 50 ҳазор нусха таъмин намоянд, то ки ин шоҳасари пурқимати миллӣ ба шумораи ҳарчи бештари хонандагон дастрас гардад.

Аллома Ғафуров ғайр аз «Тоҷикон» як силсилаи дигар осори машҳури илмӣ низ дорад. Аз ин рӯ, ҳоло зарурати нашри осори мунтахаби Бобоҷон Ғафуров пеш омадааст. Бинобар ин, Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки ин корро дар давоми солҳои 2009 - 2010 ба анҷом расонад.

Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд ва дар навбати худ кӯшиш намоянд, ки мисли Бобоҷон Ғафуров сарзамини аҷдодии худро дӯст доранд, барои таҳқиқи таъриху фарҳанги он талош карда, асарҳое офаранд, ки ба монанди «Тоҷикон» на фақат китоби азизу хонданӣ ва рӯимизии ҳар як фарди бонангу номуси халқи тоҷик бошанд, балки дар байни хонандагони мамолики дигар низ маҳбубият пайдо намоянд.

Зеро халқ ба хотираи ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашидаанд.

Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ аст ва бо итминони комил изҳор медорам, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520