Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдат ва ифтитоҳи муҷассамаи устод Рӯдакӣ

27.06.2005 17:00, ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳамватанони азиз!

Ифтитоҳи муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ба Рӯзи ваҳдати миллӣ рост омадааст, саҳифаи муҳиму хотирмоне дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Замоне Рӯдакӣ дар қасидаи "Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме" Аҳмад ибни Нӯҳи Сомониро аз шаҳри Балх ба Бухоро даъват карда бошад, имрӯз рӯҳи сулолаи Сомониён Рӯдакиро ба шаҳри худ хондааст, ки ин рамзи пайванди таърихии наслҳои гузаштаву имрӯзи тоҷикон аст.

Дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузоштааст.

Ин ду нафар бузургворони миллатамон яке асосгузори давлати тоҷикон, дигаре поягузори адабиётамон мебошанд.

Миллат бе давлату фарҳанг пойдор монда наметавонад.

Ин ду абармард ифтихори мо, ифтихори давлатдориву фахри миллатамон ҳастанд. Ва бо мо, бо миллати сарбаланди худ зинда мемонанд.

Устод Рӯдакӣ асрҳо боз чун тараннумгари накукорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шӯҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад.

Дар рӯзи ваҳдати миллӣ ифтитоҳ гардидани ҳайкали устод Рӯдакӣ дар ноҳияе, ки номи ӯро дорад, рамзи ризоияту ҳамбастагӣ, тинҷию оромӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ифода месозад.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва кушодашавии муҷассамаи устод Рӯдакӣ табрик намуда, бароятон саломатию хушбахтӣ, сулҳу сафо, тинҷию амонӣ ва файзу баракат орзумандам.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии зарнисори Ҳисор яке аз калонтарин ноҳияҳои кишварамон буда, бо мардуми меҳнатқарину сарбаландаш шӯҳрат ёфтааст.

Шаҳри қадима ва дорои асолати кӯҳани Шумон, ки дар аҳди давлатдории Кушониён, Сомониён ва Чағониён, дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошт, яке аз марказҳои калони тиҷоративу фарҳангӣ, косибию ҳунармандӣ, зироату кишоварзӣ, боғдорию асппарварӣ буда, ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони чину араб ва воқеанигорони сарзаминҳои гуногун қарор гирифтааст.

Ин ноҳияи пурфайзу баракат, ки дар маркази мамлакат ва остонаи пойтахти тоҷикон - шаҳри Душанбе доман афрохтааст, беҳуда номи Рӯдакиро надорад.

Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ кушода шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ боз як нишони воқеии азму иродаи сулҳпарварӣ, ватандӯстӣ, созандагию бунёдкории сокинони ноҳия ва мардуми кишвар мебошад.

Мо ҳашт сол боз бистуҳафтуми июнро, ки дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шудааст, ҳамчун санаи фархундаи таърихӣ таҷлил менамоем.

Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Ин рисолати деринаи фарҳангӣ халқи моро ба фарҳангсолорӣ оварда мерасонад, ки дар ин бобат Рӯдакӣ гуфтааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Имрӯз аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобастааст.
Аз ин лиҳоз мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем.

Дӯстони азиз!

Фарҳанги сулҳи тоҷикон ва сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишварамон буда, он чун дастоварди истиқлолияти мо дар арсаи ҷаҳонӣ шӯҳрат ёфтааст.

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд.

Аз касе пӯшида нест, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хатари нобуд шудани генофонди миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хатари тақсим шудани сарзамини муқаддас ва марзҳои ягонаи кишвар пеш омада буд.

Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ, андешаи тақдири ояндаи миллат, нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва боло гирифтани ифтихору нангу номуси миллӣ фарзандони асили халқро ба музокироту гуфтушунид ва ҳалли осоиштаи муноқишаҳо водор сохт.

Онҳо барқасди нақшаҳои душманони миллати тоҷик аз мухолифати мусаллаҳона даст кашида, аз тариқи музокироти осоишта ва гуфтушунидҳои сиёсӣ роҳи расидан ба сулҳу осоиш, ризоияти тарафайн ва ваҳдати миллиро пеш гирифтанд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кӯмаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад.

Таърихи чаҳорсолаи музокироти байни тоҷикон собит сохт, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва вахдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад.

Маҳз дар натиҷаи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ихтилофот фазои пуршиддати сиёсии Тоҷикистон тадриҷан мӯътадил гардида, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш шуд ва миллати мо аз вартаи ҳалокатбори парокандагӣ раҳо ёфт.

Ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ризоият ва ваҳдати миллӣ расидани халқи мо шаҳодати пирӯзии ақли солим буд.

Махсусан дар он рӯзҳои вазнин ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳи деринтизори тоҷикон оқибат 27 июни соли 1997 фаро расид.

Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем.

Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро саривақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд.

Аз касе пӯшида нест, ки дар ҷараёни музокирот душманони миллати мо чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар анҷоми неки сулҳи тоҷиконро намехостанд ва муқобили бозгаштани гурезаҳо ба Ватан буданд.

Онҳо ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ чандин маротиба ба табаддулоти ҳарбию давлатӣ даст заданд. Лекин мо ба азму иродаи сулҳпарваронаи халқ ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа такя намуда, оқибат ба мақсад расидем.

Сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ барои мо қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рӯ овардем.

Маҳз сулҳу оромии ҷомеа ба мо имкон дод, ки иқтисодиёти кишварро аз бӯҳрони шадид раҳоӣ бахшида, ба амалӣ сохтани истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ, густариши шабакаҳои коммуникатсионӣ ва рушди мунтазами ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ноил гардем.

Ҳадафи асосӣ аз нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ ва дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон табиатан мардуми боистеъдод, фарҳангпарвар ва созанда буда, фитрати эҷодкориву офарандагӣ доранд.

Онҳо дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих низ фазилати фарҳангдӯстӣ, нерӯи созанда ва заковати бунёдкории худро нигоҳ доштаанд.

Имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Ифтихори миллӣ эҳсоси гарму гувороест, ки фарзандони миллатро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан, оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигаҳдорӣ ва афзун гардонидани мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ раҳнамоӣ мекунад.

Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеъӣ ҷорӣ бошанд.

Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии мо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, пуштибонии дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошанд.

Мо пайваста кӯшиш дорем, ки ҳар як хишти бинои давлати нави соҳибистиқлоли тоҷикон мустаҳкам гузошта шавад ва иморати давлатдории яке аз миллатҳои қадимтарини олам - тоҷикон дар ҷаҳони мураккаби ибтидои ҳазорсолаи сеюм симои хоси хешро дошта бошад.

Ин иморати мӯҳташам фарҳанги сулҳро меҳвари асосии пешравӣ қарор дода, дар худ таърихи пурифтихори гузашта, арзишҳои умумимиллию умумибашарӣ ва ояндаи неки мардумро инъикос намояд.

Мову шумо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи пайгиронаи техникаю технологияи муосир душвориҳои имрӯзаро паси сар намоем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам расонем.

Мову шумо бояд Ватани худро дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ бирасем ва ҳамеша шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намоем.
Мову шумо бояд меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯю заковати хешро дареғ надорем.
Бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи муҷассамаи устод Рӯдакӣ муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, оромиву осудагӣ ва некбахтию хушрӯзиҳо мехоҳам.
Бигузор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният ҳамеша пойдор бошад ва аз хонаю хонадони ҳар кадоми шумо асло файзу баракат ва аз дастурхонатон фаровонӣ канда нагардад!
Бигузор дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо дастгириву мадади рӯҳи гузаштагони бузурги миллатамон, пеш аз ҳама Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва устод Рӯдакӣ сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ, файзу баракат ва хушбахтию осудаҳолӣ абадӣ ҳукмрон бошад!

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед!
Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520