Дар ҳошияи ин ҳамоиши ғайрирасмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон ва афзоиши мубодилоти молу маҳсулот, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна ба 20-30 дар сад баробар мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд.
Қарор дода шуд, ки Қазоқистон бар ивази қарзи давлатие, ки дар назди Тоҷикистон дорад, ба кишвари мо дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазут диҳад. Хотиррасон бояд кард, ки маблағи қарзи мазкур 11 миллиону 479 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Оид ба татбиқи амалии нақшаҳои муштараки нақлиётию коммуникатсионӣ баҳри бунёди роҳи оҳан ва мошингарди миёни Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон бо пайвастшавӣ ба Афғонистону Эрон низ гуфтугӯйи судманд анҷом ёфт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод карда шуд, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.