Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

13.10.2022 12:29, Қазоқистон
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф  13.10.2022

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқотро фурсати муносибе барои муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар номида, изҳор доштанд, ки мо пайваста ба раванди мулоқоту машваратҳои байни Тоҷикистону Покистон дар сатҳҳои гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густуриши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ, қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ табодули андеша карданд.

Барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520