Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ

18.10.2022 12:27, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ   18.10.2022

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки раванди устувор касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ муҳокима намуданд.

Дар рафти мулоқот оид ба ҳамкории босамари кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда шуд.

Зимни баррасии масоили таъмини амният дар минтақаву ҷаҳон ва вазъи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими мубориза бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор карданд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520