Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

23.10.2022 08:22, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Гузоштани санги асоси беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  23.10.2022Гузоштани санги асоси беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  23.10.2022

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати майдони нишони давлатӣ ба сохтмони маҷмааи “Модару кӯдак”, ки дар он беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат ва маркази саломатии ноҳиявӣ ҷойгир карда мешаванд санги асос гузоштанд.

Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматарсонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Барои бунёду таҷҳизонидани бинои мазкур Бонкии Осиёии рушд 4 миллиону 447 ҳазор, аз ҷумла барои сохтмон 3 миллиону 415 ҳазор доллар (34 миллион сомонӣ) маблағ ҷудо кардаст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иқлими соф” буда, иншооти тиббӣ аз се бахш, ҳар як кадомашон иборат аз се ошёна тарҳрезӣ карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайянгардида, ва бо сифати баланд бунёд намудани маҷмааи мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520