Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

23.10.2022 11:59, шаҳри Кӯлоб
Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  23.10.2022

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави хусусии таълимӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  дар заминаи бинои алоқаи шаҳри Кӯлоб таъсис дода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комил-2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ иҷро гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.

Бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Иншооти мазкур дорои синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, лабаратория ва синфхонаҳои дарсӣ буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ ду кафедра, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал мекунад, ки  мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа омода карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар омӯзонида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520