Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман

02.12.2008 00:00, Яман

Нимаи дуюми рӯзи 30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман рафт.

Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри Ҷумҳурии шаҳри Санъо - пойтахти Ҷумҳурии Яман бо ҳузури Горди ифтихорӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар баргузор гашт.

Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ сипас дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ тасмим гирифтанд, ки робитаҳои мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим, бе миёнарав ба роҳ монда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман ҳамчунин изҳор дошт, ки барои намояндагии Тоҷикистон дар Яман бино ҷудо шуда, шароити зарурии дигар низ муҳайё мегардад.

Алӣ Абдулло Солеҳ даъвати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ташрифи расмӣ овардан ба Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ ба масъулини ду кишвар дастур доданд, ки ҳарчи зудтар комиссияи муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Яман таъсис дода шавад.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расид: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Яман дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Яман дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Арабии Яман оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Яман.

Бо ин заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман Абдураббу Мансур, Сарвазири он Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (Парлумони) ин кишвар Абдулазиз Абдулғанӣ мулоқотҳои судбахш анҷом дод.

Дар вохӯрии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Арабии Яман ба масоили ташкил намудани робитаи доимӣ миёни палатаҳои савдо ва саноат ва алоқаҳои бевоситаи тоҷирону соҳибкорони ду кишвар таваҷҷӯҳи хос зоҳир гашт.

Қарор карда шуд, ки дар ояндаи наздик вохӯриҳои онҳо дар Тоҷикистон ва Яман барои ташкили ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

Як мулоқоти басо ҷолибу судманд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 150 нафар намояндаи тоҷикон ва ҳамватанони муқими Яман анҷом дод, ки нишонаи навбатӣ аз ғамхории доимии ӯ ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон аст.

Чунонки аён гашт, дар Ҷумҳурии Арабии Яман айни ҳол беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд. Зиёда аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд, ки дар ин кишвар обурӯю эътибори баланд касб намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нуфузу эҳтироми Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва табибони тоҷик, ки ворисони воқеии Абӯалӣ ибни Сино будани худро дар Яман собит намудаанд, изҳори сарфарозӣ кард ва таъкид дошт, ки онҳо бо кору ҳунари волояшон бояд Тоҷикистон ва илму фарҳанги бостонии тоҷиконро ба таври шоиста дар ин кишвар муаррифӣ намоянд.

Байни онҳо ҳамчунин як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод, аз ҷумла оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади ҳамватанон ба Тоҷикистон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони дахлдор дастур дод, ки «консулгарии Тоҷикистон дар Яман таъсис дода шавад, то манфиатҳои шаҳрвандони мо таҳти пуштибонии давлатамон қарор бигиранд».

Зимни сафари расмии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Яман дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлати хориҷӣ аст, ки аз масҷиди бузурги навбунёди «Ҷомеъи Солеҳ» дидан кард ва аз шукӯҳу шаҳомати он ва монандиҳои аносири меъмории яманию тоҷикӣ як ҷаҳон таассуроти накӯ бардошт.

Зимни боздид аз иншооти захираю поксозии оби борон, ки баҳри таъмини аҳолии шаҳри Адан – пойтахти ҷанубии Ҷумҳурии Арабии Яман сохта шудаанд, зикр гардид, ки имрӯз дар ҳарду пойтахти ин кишвар - шаҳрҳои Санъою Адан ва дигар минтақаҳои он норасоии оби тозаи нӯшокӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Чунонки аён шуд, дар обанборҳои захираю поксозии оби борони шаҳри Адан ба сабаби хушксолию камборишӣ ҳеҷ нишона аз об ба назар намерасад.

Бо ҳамин барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман ба поён расид ва шаби 1-уми декабр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Адани ин кишвар ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520