Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

01.11.2022 14:39, ноҳияи Панҷ
Ифтитоҳи бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ  01.11.2022

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтааст.

Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст.

Иншооти бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии дар иншоот анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон карда шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд.  

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520