Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13.11.2022 11:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   13.11.2022

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.

Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ бунёд гардида, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чуҷаи аз 10 то 12 рӯза нигоҳ дошта мешавад. Чуҷаи паранда аз корхонаҳои инкубатсионии вилояти Суғд дар якрӯзагӣ оварда шуда, ба муддати 45 рӯз парвариш карда мешавад ва сипас ба забҳхона равона мегардад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гушт баробар аст.

Барои нигоҳубини паранда 10 нафар сокинони маҳаллӣ вобаста гардидаанд ва онҳо роҳҳои дурусти парвариши парандаро пурра омухтаанд.

Корхона бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти воридоти таҷҳизот ва таъсиси корхонаи парандапарварӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд карда шудааст.

Таҷҳизоти васлу насбшуда, ки замонавӣ мебошад, имкон медиҳад, ки паранда бо риояи талабот ва бе талаф парвариш карда шавад.         

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, ки омили пешрафти мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад, сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар бозор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520