ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисотн «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Дар банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669 «Дар бораи статуси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» калимаҳои «Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш. Душанбе
28 октябри соли 2008
№ 556