Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич

14.11.2022 11:35, ноҳияи Деваштич
Боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич   14.11.2022

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи Деваштич кишоварзӣ буда, дар ноҳия 36 ҳазору 556 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз ин 12 ҳазору 448 гектараш заминҳои обӣ аст ва дар ин минтақа соҳаи картошкапарварӣ рушд меёбад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли картошка ҳам аз ҳисоби зиёд намудани майдони кишт ва ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд карда мешавад. Соли равон дар ноҳияи Деваштич дар майдони 6 ҳазору 494 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 333 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 350 то 400 сентнериро ташкил дода, картошкапарварони алоҳида ва бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ 650-700 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон буд, ки соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ дар маҷмуъ 168 ҳазору 576 тонна картошка истеҳсол намуданд. Картошкаи истеҳсолгардида қисман барои тухмӣ ва қисман барои фуруш дар давраҳои минбаъда захира карда шудааст.

Яке аз роҳҳои афзун карда шудани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани сифати он истифодаи тухмиҳои серҳосилу ба минтақа мутобиқи навъҳои селексияи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки хоҷагидорони ноҳия Деваштич дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо картошкаи ғизоӣ дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ нақшу саҳми асосӣ доранд. Хоҷагидорон ва аҳолии ноҳия Деваштич имкон доранд аз ҳисоби ҳосили имсола ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор тоннаи картошкаи тухмӣ пешниҳод намоянд.

Соли равон кишоварзони ноҳияи Деваштич 35 ҳазору 260 тонна сабзавот, 10 ҳазору 225 тонна маҳсулоти полезӣ, наздик 9 ҳазор тонна мева ва беш аз 1 ҳазору 100 тонна ангур истеҳсол намуданд, ки  барои ғанӣ намудани бозори дохилӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳияи Деваштич баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бояд аҳолии ноҳия таҷрибаи истифодаи самараноку оқилонаи заминро боз ҳам баланд бардошта, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520