Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия

22.11.2022 11:50, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия   22.11.2022

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои  вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба  ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки  тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.  

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии  идеологияи тундгароии динӣ  алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520