Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

30.11.2022 17:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари даргузашти  сиёсатмадор ва ходими шоистаи давлатӣ, собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту мӯҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин бо некӣ дар ёд дорам.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти  Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520