Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Инятсио Кассис

12.12.2022 12:40

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати фаро расидани 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария бипазиред.

Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда робитаҳои гуногунарсаи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири доираи васеи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои судманду созанда мебошанд.

Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад.

Мо ҳамеша алоқаманди пешбурди самарабахши  ин муносибот дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва омодаем, ки бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ба раванди таҳкиму тавсеаи онҳо такони тоза бахшем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳо, ба мардуми дўсти Конфедератсияи Швейтсария сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии  рӯзафзун орзу менамоям.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520