ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъин намудани Имомов Ш.З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Имомов Шарофиддин Зуҳуриддинович Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш. Душанбе
13 октябри соли 2008
№ 549