Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханроӣ бо собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Рашт

02.10.2008 16:00, ноҳияи Рашт

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама шумо – пирони рӯзгордида ва аз гармиву сардиҳои зиёди зиндагӣ гузаштаро ба муносибати иди Фитри моҳи шарифи Рамазон, ки воқеан барои тамоми мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон айёми муқаддасу муборак мебошад, табрик гуфта, ба даргоҳи худованди бахшандаву меҳрубон дуо мекунам, ки бароятон ҳамеша тани сиҳат, саодату тавфиқ, рӯзгори ободу осуда ва хотири ҷамъро арзонӣ дорад.

Аз дидгоҳи дини ислом рӯза ва рӯзадорӣ таълимоти воқеии камолоти равонӣ ва маънавии ҳар як мусулмон маҳсуб меёбад. Асоси ин таълимот аз Қуръони маҷид, ки аввалин оятҳои мубораки он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон нозил шудааст, сарчашма мегирад.

Ва муҳимтарин фазилати рӯзаву рӯзадорӣ риёзати ҷисму рӯҳ буда, ҳар як фарди мусулмон ин рукни дини мубини исломро бо покиву озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво, парҳезгориву ибодат ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ адо менамояд.

Аз ин ҷост, ки пайғамбари ислом - Ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро «сипари тамоми маъсиятҳо ва гуноҳҳо» номидааст.

Ин ҷавҳари ахлоқӣ ва равонӣ, пеш аз ҳама муносибати самимии мусулмононро муайян карда, барои анҷом додани корҳои хайру савоб ва кӯмаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад.

Умедворем, ки бо файзи раҳмати Худои таъоло дар ин моҳи шарифу муборак дилҳои хурду бузурги кишвари мо аз ҳар гуна бухлу ҳасад ва кинаву адоват пок гардида, пур аз меҳру вафо, раҳму шафқат ва дӯстиву бародарӣ гардида бошад.

Худованд дар яке аз оятҳои сураи «Бақара» дар сифати Рамазон фармудааст: «Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он барои ҳидояти башар ва роҳнамоиву ташхиси ҳақ аз ботил нозил шудааст».

Ин фармудаи Худованд мӯъминонро ба он водор месозад, ки дар баробари ибодату тақво ба иҷрои корҳои хайру савоб кӯшиш намоянд, ботини худро аз кинаву ғурур пок созанд, чунки уммати пайғамбар танҳо дар ҳамин сурат ба мағфирату омурзиши гуноҳҳо сазовор мегардад.

Махсусан, хайру садақа ва эҳсону саховат кардан, дасти ятимонро гирифтан ба қавли Шайх Аттор «ҷаннати дарбаста»-ро ба бандагони солеҳу озодааш боз менамояд.

Имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мусулмонони мамлакат имкон доранд, ки тамоми фаризаҳои дини исломро бемамониат адо намоянд. Зеро ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла диндорон аз тарафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон танзим гардидаанд.

Ба ин хотир, мусулмонони кишвар бояд аз истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳо шукрона карда, бо аъмоли неку ахлоқи ҳамида ва муносибати хайрхоҳонаву самимӣ нисбат ба ҳамдигар зиндагӣ ба сар баранд ва барои ташхиси ҳақ аз ботил саъй намоянд.

Барои ташхиси ҳақ аз ботил барои мусулмонон, пеш аз ҳама донистани се асл, яъне оятҳои каломи раббонӣ, суннату ҳадисҳои пайғамбар ва фиқҳи ҳанафӣ фарз ва воҷиб аст.

Донистани ин се асл моро ба шинохти исломи ростин мерасонад, ки фиқҳи ҳанафӣ комилан ҷавобгӯи талаботи ин дини ростону растагорон мебошад.

Зеро бисёр масъалаҳо, аз ҷумла намозгузорӣ дар Қуръони маҷид ишора гардидааст, вале чигунагии гузоридани он дар Қуръон гуфта нашудааст. Ин амру фарзи худовандро мо аз тариқи суннати пайғамбар ба ҷо меорем ва ба мазҳаби худ, яъне ҳанафия иҷтиҳод мекунем.

Мувофиқи гуфтаи яке аз фақеҳони мазҳаби ҳанбалӣ, муфассир ва мутакаллими маъруфи ҷаҳони ислом Ибни Ҷузӣ - Абӯҳанифа дар тӯли зиндагии илмии худ тавонист ҳудуди шаст ҳазор масъала ва ба ривояти дигар сесад ҳазор масъалаи фақҳиро шарҳу басти илмӣ дода, онҳоро мувофиқи оёти қуръонӣ ва ҳадисҳои расули Худо барои ҳалли мушкилоти ҳаёти ақлонӣ ва иҷтимоии мусулмонон пешниҳод намояд.

Аз ин ҷост, ки яке аз пешвоёни равияи ҷарҳия ва таъдил дар сифати бузургии Имоми Аъзам мегӯяд: «Қасам ба номи худо, дар миёни уммати мусулмон ба аҳкоми шаръи Худои таъоло ва расулаш фарде донотар аз Абӯҳанифа ёфт намешавад».

Бо дарназардошти ин нукта ва бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барӯманду фарзона, омӯзиши фаъолияти пурдоманаи илмиву адабӣ ва диниву фиқҳии онҳо, инчунин тавсеаи муколамаву ҳамбастагии тамаддунҳо соли 2009-умро, ки баробар бо 1310-солагии таваллуди пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам мебошад, соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон кардем.

Ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама шинохти асли ислом ба воситаи яке аз равияҳои асосии дини ислом-мазҳаби ҳанафӣ буда, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги инсониву динӣ, тарбияи насли озодаву солеҳ, парвариши андешаи солим, аъмоли неку писандида, ахлоқи ҳамидаи аҳли ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, аз зери бори гарони тақлид ва таассубу хурофот раҳо кардани мардум аст, ки намунаи барҷастаи он дар кору пайкори Абӯҳанифа зоҳир мегардад.

Муҳимтарин фазилат ва афзалияти мазҳаби Имоми Аъзам аз дигар мазҳабҳои дини ислом дар он аст, ки ба таври осон ва содда ибодат кардан ва муомилоти исломиро ба роҳ мондан, риояи манфиати фақирон ва афроди нотавон, яъне баробарии уммати мусулмон, эҳтиром ба инсоният ва озодии шахс асли онро ташкил медиҳад.

Абӯҳанифа бар пояи ин асли қуръонӣ эҳтироми ҳувияти фарҳангии қавмҳои дигарро таъмин намуд.

Маҳз ба ҳамин хотир Абӯҳанифа ҳамчун фарзанди волидайни тоҷик ба забони қавмҳои ғайриарабӣ, махсусан забони тоҷикӣ мақоми хоса бахшида, аҳамияти онро барои решадор сохтани фарҳанги қуръонӣ дар дилҳои мардум бисёр зарур мешуморид.

Аз назари Абӯҳанифа илми фиқҳ ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: аввал, фиқҳи акбар, ки аз донистани умури эътиқодӣ аз қабили имон, шинохти сифатҳои худованд, имон ба нубувват ва меод иборат мебошад.

Дуюм, фиқҳи истилоҳӣ, ки илми аҳкоми шаръии иборат аз далолатҳои тафсилӣ, аз қабили намоз, рӯза ва тамоми аҳкоми рӯзмарра- ибодат, муомилот ва иртиботот мебошад.

Имоми Аъзам дар китоби худ «Фиқҳи акбар» мегӯяд: «Барои исботи аҳкоми шариат нахуст ба китоби Худои таъоло муроҷиат мекунам, агар тавонистам аз китоби Худо ва суннати пайғамбар ҳукме собит созам, аз гуфтаҳои саҳобагон баҳра мебарам ва бақияро раҳо менамоям ва ба қавли дигаре амал намекунам».

Яъне манбаъҳои асосие, ки Имоми Аъзам ба онҳо такя мекунад, аз Қуръони маҷид, суннати пайғамбар, иттифоқи назари муҷтаҳидони саҳоба ва аҳли қиёс иборат буда, ӯ ҳамеша ҳукм ва фатворо бо далелу ҳуҷҷат содир мекардааст.

Бояд зикр кард, ки Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон, маъруф ба Имоми Аъзам яке аз поягузорони фиқҳи исломӣ буда, дорои таълифоти зиёд, аз ҷумла «Фиқҳи акбар» ва «Китобул - олим вал - мутааллим» мебошад, ки онҳо дар ҷаҳони ислом маҳбубияти зиёд доранд ва асли маърифати мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳанд.

Омӯзиши осори ниёгон ва баҳрабардорӣ аз онҳо, аз ҷумла таълимоти Имоми Аъзам барои насли имрӯза аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилофот ва бархӯрди тамаддунҳо, динҳо ва равияҳои бунёдгаро бо тобишҳои нав зуҳур мекунанд, ба фиқҳи таҳаммулгарои ҳанафӣ такя намудан айни муддао мебошад.

Зеро дини мубини ислом аслан ва зотан ҳамчун манбаи боэътимоди эътиқодот инсониятро ба роҳи росту дуруст, амали хайру савоб ҳидоят намуда, ҳамчун сарчашмаи покизаи маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ шинохта шудааст ва бархӯрду низоъ, ситезаву тундгароиро дар миёни мардум маҳкум менамояд.

Мову шумо шоҳид ҳастем, ки дар таърихи гузаштаи начандон дури мо гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тарғибгари андешаҳои тундгаро ва инсонситези бегона сатҳи пасти маърифати динии сокинони кишварро истифода намуда, ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ асос гузоштанд.

Дар он рӯзҳо аксаран ҷавонони бетаҷриба ба гирдоби мухолифатҳои мафкуравӣ ва мазҳабӣ кашида шуданд, ки ин низоъ оқибат ба муқовимати мусаллаҳона, қурбонии зиёди ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсиву маънавӣ дар ҷомеаи мо боис гардид.

Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпараст бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва бо ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосе пайдо шудаанд, ки бо ақидаҳои инсонситезӣ ва тундгароӣ мехоҳанд дар миёни мардум кишвар боз тафриқа андозанд.
Ман дар назди шумо бо қатъият изҳор медорам, ки мо ҳама гуна амалҳои ифротиеро, ки ба оромии халқамон халал ворид месозанд, пешгирӣ мекунем ва ягонагии марзу бум, суботу амнияти сиёсӣ ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин менамоем.

Ва итминони комил дорем, ки шумо – шахсони обрӯманд ва пуртаҷриба, инчунин ходимони дин низ рисолати худро вобаста ба муттаҳидсозии мардум ва ҳифзи ваҳдати миллӣ бо дарки қарзу дайни инсониву имонӣ анҷом медиҳед.

Чунон ки ҳамаи шумо аз васоити ахбори умум хабар доред, имрӯз доираҳои муайяни баъзе кишварҳо мехоҳанд дини мубини исломро дар чашми ҷаҳониён ҳамчун сарчашмаи хушунату зӯроварӣ муаррифӣ созанд.

Дар чунин шароит мо бояд тибқи фармудаҳои Худои таъоло, ҳадисҳои пайғамбар ва мазҳаби ҳанафӣ амал карда, аҳли ҷомеа ва хусусан ҷавононро аз таъсири падидаҳои тундравонаи динӣ ҳифз намоем.

Мо аз қадимулайём мардуми фарҳангӣ ва соҳибтамаддун ҳастем ва нақши таълиму тарбия ва камолоти маънавии инсон дар осори беназири гузаштагонамон бисёр бузург аст, ки яке аз мактабҳои умдаи он мазҳаби Имоми Аъзам мебошад.

Мо ҳама вазифадорем, ки дар асоси ин мактаб бо эҳсоси гарми ватандорӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои асили таърихиву фарҳангӣ ва ҳифзу густариши онҳо барои миллатсозӣ ва давлатсозии навинамон заминаи мустаҳкам гузошта, ғояҳои инсонпарварона, андешаҳои созанда, ахлоқи неку ҳамида ва таблиғи донишу ҳикмати созандаро густариши рӯзафзун бахшем.

Ва дар ҷомеаи худ насли фозилу донишманд, баландихтисосу соҳибкасбро ба камол расонем, ки оянда барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон софдилона ва содиқона хизмат карда тавонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони кишварро бори дигар ба муносибати иди саиди Фитр муборакбод намуда, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон ва имону тандурустӣ орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520