Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол

03.10.2008 20:00, ноҳияи Лахш

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Баъди анҷоми мулоқоту вохӯриҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ман ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи ноҳияи Ҷиргатол паёму муждаи нек овардам ва гумон мекунам, ки он боиси шодмонӣ ва рӯҳбаландии пиру ҷавони ноҳия хоҳад шуд.

Имрӯз сохтмони марҳилаи сеюми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - Саритош оғоз гардид, ки он роҳҳои кишвари моро аз тариқи ноҳияи Ҷиргатол бо ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия пайваста, барои мо имкони робитаи бемонеаро ба кишварҳои зикршуда ва тавассути онҳо ба Аврупо фароҳам меоварад.

Тамоми халқи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки мо аз рӯзҳои аввали давлатсозиву давлатдории мустақилона таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистонро ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои муҳимтарини хеш қарор дода, дар бобати зина ба зина амалӣ гардидани онҳо ҳамаи чораҳоро андешида истодаем.

Ба шарофати сулҳу суботи устувор, ваҳдати миллӣ ва фазои орому осуда мо дар як муддати кӯтоҳ тавонистем, ки кишварамонро аз марҳалаи мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо намуда, марҳалаи созандагиву бунёдкориро оғоз бахшем ва даҳҳо иншооти тақдирсозро сохта, ба истифода диҳем, инчунин татбиқи ҳадафҳои навбатии созандагиву бунёдкориҳоро пайгирӣ намоем.

Мо дар айни ҳол азму талош дорем, ки солҳои наздиктарин истиқлолияти энергетикӣ ва аллакай охири соли оянда аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфтани кишварамонро таъмин созем.

Ба хотири бунёди иншооти энергетикӣ Ҳукумати кишвар соли ҷорӣ зиёда аз 850 миллион сомонӣ маблағ равона кардааст.

Шумо иттилоъ доред, ки мо ду агрегати нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1-ро ба кор андохтем ва ду агрегати боқимондаи он то охири сол пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 босуръат идома дорад.

Гузашта аз ин, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бунёди нерӯгоҳи бузурги барқи обии Роғунро аз нав оғоз кардем, то ки истиқлолияти комили энергетикии мамлакатро таъмин намуда, Тоҷикистонро аз мушкилоти энергетикӣ пурра наҷот бахшем.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон 120 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва сохтмони беш аз 50 нерӯгоҳи дигар дар назар аст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷиргатол ду нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 267 киловатт бунёд гардида, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Питавкӯл-2» бо иқтидори лоиҳавии 1,1 мегават идома дорад.

Инчунин тибқи «Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2008-2020» дар ҳудуди ноҳия сохтмони боз чор нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 8 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик», мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Ҷиргатол ва маркази татбиқи лоиҳаҳо супориш дода мешавад, ки барои бунёди ин нерӯгоҳҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида чораҳои мушаххас андешанд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ангишт ва гази моеъ то имрӯз як силсила корҳои муайян ба иҷро расидаанд.

Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳия 10 нуқтаи фурӯши ангишт ташкил карда шудааст, вале захираи то имрӯз мавҷуда барои таъминоти аҳолии ноҳия хеле кам мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раёсати «Тоҷикматлубот» вазифадор карда мешаванд, ки барои сари вақт таъмин намудани ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва аҳолӣ бо ангишт ва гази моеъ чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади рушди иқтисодии ноҳия аз тарафи Саридораи геология лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нурафзои Ширин» додани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар гурӯҳи зуҳуроти ангиштсанги Сурхоб-Муксу пешниҳод гардидааст, ки ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад.

Итминони комил дорам, ки баъди ба истифода додани кони ангишти мазкур аввалан ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, баъдан аҳолии ноҳия бо ангишти худӣ пурра таъмин мегардад.

Илова бар ин, ба вазоратҳои нақлиёт ва коммуникатсия, мелиоратсия ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти сокинони деҳаҳои ҳудуди деҳоти Муксу соли оянда барои бунёди пул дар дарёи Муксу тадбирҳои ҷиддӣ андешида, инчунин корҳои соҳилмустаҳкамкунии пули калони Сарталоро ба анҷом расонанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Бо мақсади омӯзиши вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои кишоварзӣ, ки мақсад аз онҳо таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, ман аз ибтидои соли ҷорӣ ба ҳамаи вилоятҳо ва аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, пеш аз ҳама бо деҳқонону кишоварзон ва соҳибкорони хурду миёна ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил вохӯриву сӯҳбатҳо оростам ва имрӯз дар ҳузури шумо бори дигар таъкид менамоям:

мо амнияти озуқавории мамлакатро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро торафт зиёд намуда, ба он муваффақ шавем, ки аз маводи ғизоии воридотӣ ҳарчи камтар вобаста бошем.

Зеро таҳаввулоти солҳои охири ҷаҳони муосир ва болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа, бахусус ғалла ва орд, ки ба асари он ҳоло қариб ба 50 мамлакати дунё хатари гуруснагӣ ва нарасидани маҳсулоти озуқаворӣ таҳдид дорад, мову шуморо вазифадор месозад, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро рӯз то рӯз густариш бахшем ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истеҳсоли маводи асосии озуқаро афзун ва бозори истеъмолии мамлакатамонро бо молу маводи худӣ таъмин намоем.

Бо ин мақсад ва густариши соҳибкории хурду миёна бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар тӯли ҳашт соли охир бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар ноҳияи Ҷиргатол беш аз 40 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудаанд, ки 24 миллион сомонии он танҳо ба соҳаи кишоварзӣ ҷудо гардидааст.

Нақши қарздиҳии хурд дар бобати дастгирии соҳибкории хурду миёна солҳои охир бо суръати баланд афзоиш ёфта истодааст.

Масалан, танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо ин мақсад 14 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214 фоиз зиёд мебошад.

Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Ҷиргатол дар кишварамон бештар бо маҳорат ва таҷрибаи картошкапарварӣ шӯҳрат ёфтаанд. Дар давоми солҳои 2002-2006 дар ноҳия истеҳсоли картошка 52 фоиз афзудааст.

Яъне агар дар соли 1992 дар ноҳия 25 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда бошанд, пас дар соли 2007 истеҳсоли солонаи он ба зиёда аз 50 ҳазор тонна расонида шудааст, ки 68 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ҳадафи ба ихтиёри соҳибони аслӣ, яъне деҳқонони пуртаҷриба додани замин пеш аз ҳама ташкили истифодаи оқилонаву самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мебошад.

Мо дар заминаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ ва тафаккури нави моликиятдорӣ роҳи васеъ кушода, имкониятҳои бахши хусусии кишоварзиро афзунтар намудем ва ҳамаи кӯшишу талошамонро ба самти таъминоти кишвар бо маводи озуқаи худӣ равона карда истодаем.

Имрӯз шароити иқтисоди бозорӣ мову шуморо водор менамояд, ки ба омӯзиши талаботи бозори дохилӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳу усулҳои эҷодкорона, ғайриқолабӣ ва замонавиро истифода намоем.

Дар ноҳия, ки барои зиёд намудани истеҳсоли картошка имконияти васеъ мавҷуд аст, ба роҳ мондани коркарди саноатии он низ аз манфиат холӣ нест. Зеро картошка дар радифи гандум маводи асосии ғизоӣ ба шумор меравад.

Бояд хотиррасон намуд, ки солҳои пеш дар ноҳияи Ҷиргатол то якуним ҳазор тонна картошкаи баландсифати тухмӣ истеҳсол карда мешуд, вале дар даҳсолаи охир миқдори он то андозае коҳиш ёфтааст.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади рушди минбаъдаи картошкапарварӣ ва зиёд намудани истеҳсоли картошкаи тухмӣ дар ноҳия мо таваҷҷӯҳ ва фаъолияти Институти боғпарвариву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзиро ба парвариши картошкаи тухмӣ ҷалб намуда будем.

Вале бо вуҷуди ғамхориҳо ва дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар дар ин самт ҳанӯз натиҷаҳои назаррас ба даст оварда нашудаанд.

Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, инчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи рушди картошкапарварӣ, аз ҷумла парвариш, захира ва ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол додани тухмии он ва барои таъминоти эҳтиёҷоти аҳолии мамлакат дар фасли зимистон захира намудани картошкаву меваи ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ дар ноҳия то имрӯз 450 гектар заминҳои нав азхуд карда шудаанд, ки ин миқдор замин қариб 2000 ҷои нави корӣ мебошад.

Дар асоси Қарори Ҳукумати кишвар аз 2 декабри соли 2006 дар давоми солҳои 2008 – 2010 зиёда аз 2200 гектар заминҳои нав азхуд карда мешаванд, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ноҳияи Ҷиргатол қутоспарварӣ низ аз ҷумлаи соҳаҳои сердаромад буда, рушди он метавонад ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намояд.

Бояд хотиррасон намоям, ки дар асоси Барномаи рушди қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 дар ноҳияи Ҷиргатол Корхонаи воҳиди давлатии зотпарварӣ ташкил карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ба ин корхона ҷудо ва вобаста гардидани 250 гектар замини корами обӣ ва 3 ҳазор гектар чарогоҳ то имрӯз ягон сар чорво, аз ҷумла қутос надорад.

Бинобар ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо якҷо бо мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки барои харидорӣ намудани ҳазор сар қутос аз ноҳияи Мурғоб дар соли оянда аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ пешбинӣ намоянд.

Татбиқи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010 низ дар ноҳия таваҷҷӯҳи бештар мехоҳад, зеро солҳои охир мувофиқи маълумоти оморӣ теъдоди оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал зиёд нашуда истодааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки дар бораи ташкили дурусти фаъолияти корхонаи зикршудаи зотпарварӣ, инчунин таъмини рушди соҳаҳои қутоспарвариву занбӯри асалпарварӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар баробари ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, меҳнат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки барои бунёди сехҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонии ноҳияи Ҷиргатол таваҷҷӯҳи доимӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки дар давоми солҳои 1995-2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳия 165 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ - 31, лоиҳаҳои инвеститсионӣ – 106 ва аз тариқи буҷети маҳаллӣ 28 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, дар давоми ин солҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ва эҳтиёҷоти он зиёда аз 23 миллион сомонӣ, аз ҷумла беш аз 4 миллион сомонӣ барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар ҷудо карда шудааст, ки 60 фоизи талаботи умумии ноҳияро ташкил медиҳад.

Шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва кулли сокинони ноҳия эҳсос карда истодаед, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум боло рафта, симои ноҳияву деҳоти он тағйир меёбад ва торафт ободу зебо мегардад.

Ин ҳама аз баракати сулҳу суботи устувор, файзи истиқлолияти давлатӣ ва ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат аст.

Чунончи, агар дар соли 1998 барои ободонии ноҳия ҳамагӣ 110 ҳазор сомонӣ масраф шуда бошад, пас дар давоми 10 соли охир дар доираи 7 лоиҳаи сармоягузорӣ барои таъмиру азнавсозии иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ ва ободсозии ноҳия беш аз понздаҳуним миллион сомонӣ равона гардидааст.

Бо маблағҳои зикршуда дар ноҳия қариб 370 иншооти муҳим таъмиру таҷдид ва навсозӣ гардида, сохтмони 12 иншооти дигар ҳоло идома дорад. Дар ин давра 38 пул, 15 мактаби нав, 19 муассисаи табобатӣ сохта, 63 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Ҳамчунин 6 беморхонаи марказиву минтақавии ноҳия, даҳҳо бунгоҳи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки таъминоти беморхонаҳои минтақавии ноҳияро беҳтар намуда, якҷо бо Вазорати молия барои анҷом додани сохтмони нотамоми беморхонаи марказӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Мо бо ин корҳо ҳанӯз маҳдуд ва қаноатманд нашуда, бо дастгириву ҷонибдорӣ ва мусоидати Ҳукумати мамлакат ва муҳимтар аз ҳама бо шумо – сокинони арҷманди ноҳия, ки асосан аз ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамнишин, яъне тоҷикону қирғизҳо иборатанд, созандагиву бунёдкориро идома медиҳем ва Ҷиргатолро ба яке аз гӯшаҳои ободу зебои Ватани азизамон табдил хоҳем дод.

Зеро дӯстиву рафоқати онҳо аз қадимулайём оғоз гардида, дар давоми садсолаҳо инҷониб ба бародарӣ табдил ёфтааст.

Бо итминон гуфта метавонам, ки имрӯз низ бо шукрона аз неъмати истиқлолият ва давлату давлатдории мустақили миллӣ, бо ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳнати содиқонаву софдилона барои ободии хонаи худ, диёри худ ва Ватани худ – Тоҷикистони азиз камари ҳиммат мебанданд.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барори кору зиндагӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520