Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

30.01.2023 18:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.

Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520