Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

16.02.2023 21:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид

Дар оғози суҳбат дар робита ба офати табиии фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сарвари кишвари ҳамсоя таъзия ва таслияти самимии ҷониби Узбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.

Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои рӯзмараи минтақавӣ, бахусус мушкилоти тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои он ба муҳити зист мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520