Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи кулли СММ

28.09.2008 19:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Аз 23 то 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт.

Ҷараён ва натиҷаҳои ин сафар бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти раҳбарию раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузошта, обурӯю нуфузи байналмилалии худро таҳкиму тақвият мебахшад.

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бори нахуст аз се ҳамоиши бузурге, ки дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор гаштанд, ду тоаш таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Аз ду ҳамоиши таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёнгирифта яке чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ва дуюмаш ҳамин гуна ҳамоиш оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буд.

Рӯзи 25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, устуворгардонии минбаъдаи низоми фаъолияти СММ – ро баҳри таъмини сулҳу амнияти байналмиллалӣ ва ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш маънидод кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз силсилаи бӯҳронҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ, иқлимӣ ва молиявӣ, ки садди роҳи рушди бонизом гаштаанд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт:- «оқибатҳои чунин зуҳуроти номатлуб ба эҳсосоти иҷтимоии миллионҳо нафар одамон дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои дар давраи гузариш қарордошта, аз ҷумла дар мамлакати мо таъсири шадиди манфӣ доранд».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо эътимод ба Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: - «Ин ҳолат орзӯю омоли одамонро ба бунёди ҷомеаи бештар одилона ва орому осуда ҳанӯз аз байн набурдааст ва онҳо умед доранд, ки Созмони Миллали Муттаҳид чун як ташкилоти қавии байналмилалӣ метавонад нерӯю имкониятҳои худро ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини имрӯза сафарбар намояд».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба истеҳсоли сӯзишвории биологӣ сарф намудани маводи ғизоиро «кори зиддиинсонӣ» арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба ҳаллу фасли масоили глобалии обию энергетикӣ ҷалб намуда, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки баҳри баррасии он дар сатҳи баланд Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад.

Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳо ва созмонҳои мададрасон баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии обӣ ва обию энергетикии Тоҷикистон кишвари мо метавонад минтақаҳои зиёди Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқи арзони аз нигоҳи экологӣ безарар таъмин намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки натиҷаҳои панҷсола ва татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гашта буд, соли 2010 дар шаҳри Душанбе зимни як форуми байналмилалӣ баррасӣ мегардад ва роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро даъват намуд, ки баҳри иштирок дар он намояндагони воломақоми худро бифиристанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳрони амиқу саросарии Афғонистон ва афзудани хатари беандозаи терроризму экстремизм ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки ин кишвар на танҳо ба зиёд кардани ҳузури низомии мамлакатҳои хориҷӣ дар қаламрави он, балки бештар ба кӯмаки мушаххаси иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ниёзманд аст.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таҷлили 1150 – солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саросари ҷаҳон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Ба ақидаи ман, арзишҳои умумибашарие, ки Рӯдакӣ онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст, имрӯз бо ҳадафу вазифаҳои СММ дар саросари ҷаҳон ҳамоҳанганд ва устуворсозии дӯстии халқҳо, вусъати гуфтугӯи байни фарҳангҳо, ғояҳои башардӯстона ва тавозуни зиндагиро тараннум менамоянд».

Қобили таъкид аст, ки имрӯз бо забони Сарвари фарҳангпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лафзи нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ бори дигар аз минбари олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дод.

Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки аз ҷумлаи ҳамоишҳои Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид буд, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт ва ин албатта гувоҳӣ аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии обӣ ва қабул гаштану татбиқшавии пешниҳодоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа аст.

Дар қисмати ифтитоҳии он дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Питер Балкененд, Ноиби канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер, фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучи, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания Девид Мвакиуса чун намояндаи Иттиҳоди Африко иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ баҳои баланд доданд.

Чунонки огоҳӣ доред, солҳои 2005-2015 бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» дар тамоми ҷаҳон эълон гаштааст.

Дар суханронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун таъкид гардид, ки бо татбиқи Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» ҳар сол шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дасрасӣ доранд, бояд 175 миллион нафарӣ зиёд шавад. Ба андешаи ӯ яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани дастрасии одамон ба оби тозаи нӯшокӣ кам кардани сарфи об дар обёрии заминҳои корам аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин ҳамоиши сатҳи олӣ дар ҳалли яке аз вазифаҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола-ду маротиба кам кардани шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нӯшокӣ ва шароитҳои санитарӣ дастрасӣ надоранд, нақши намоён мегузорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи баҳри Арал, ки ба гуфти ӯ «натиҷаи сиёсати обии кӯтоҳандешонаи инсон ва сарфи назар кардани омилҳои экологӣ аст», ёдовар шуда, изҳор дошт: «ин қазияи маркази қитъаи Авруосиё аз сатҳи минтақавӣ дур рафта, ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст» ва таъкид дошт, ки баҳри ҳалли ин масъала тадбирҳои мусоиди байналмилалӣ бояд андешида шаванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешиниҳод намуд, ки баҳри баррасии шоистаи масоили об Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад ва соли 2010 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» гузаронда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ба масоили таъмини оби тозаи нӯшокӣ ва шароитҳои санитарӣ ба миллионҳо эҳтиёҷмандони он бахшида шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро дар бораи сохтмони қубури обрасонии минтақавӣ аз кӯли Сарез бори дигар ба миён гузошта, таъкид намуд, ки татбиқи ин лоиҳа ҳам ба таъмини миллионҳо одамон бо оби тозаи нӯшокӣ ва ҳам ба кам кардани хатари кандашавии сарбанди табиии кӯли мазкур мусоидат мекунад.

Баъди анҷоми Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки бо ибтикори Ҳукуматҳои Япония, Нидерланд, Германия ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» доир гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи он барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки пешниҳодҳои дар ин чорабинӣ ба миён гузошташудаи вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва санитария дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520