Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи қатъиян мань кардани
ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷамъоварии шираи камол дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва содироти он қатъиян манъ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати коркарди пурраи маҳсулоти дар айни замон ҷамъоваришудаи шираи камол ва содироти он дар шакли маводи ниҳоии тайёр тадбирҳои зарурӣ андешад;
- масъалаи харидорӣ намудани таҷҳизоту технологияи заруриро бо мақсади минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз шираи камол, инчунин васеъ кардани майдони кишти растании камолро дар минтақаҳои мутобиқи мамлакат баррасӣ намояд;
-дар муҳлати се моҳ лоиҳаҳои қонунҳоро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷиҳати муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

ш. Душанбе
19 сентябри соли 2008
№ 545

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520