Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

20.03.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам намояндагони аҳли зиё!

Имрӯз мо дар остонаи иди бузургу бостонии миллиамон - Наврӯзи хуҷастапай бо рӯҳи болида ва шодиву нишоти наврӯзӣ барои мулоқоти анъанавии хеш бо намояндагони зиёиён гирди ҳам омадаем.

Наврӯзи Аҷам аз даврони бостон то ба имрӯз чун ҷашни Соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор карда, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шодмонӣ ва файзу баракати тоза меорад.

Ба ин муносибат тамоми мардуми наҷибу бошарафи Тоҷикистони азиз, тоҷикону форсизабонони дунёро, ки Наврӯзи аҷдодиро мисли мову шумо бесаброна интизор мешаванд, инчунин кулли зиёиёни бедордили миллат - чароғҳои раҳнамои ҷомеаро самимона табрик гуфта, ба ҳама тани сиҳат, кушоиши кор ва бахту саодати наврӯзӣ мехоҳам.

Воқеан суннати ситоишу парастиши баҳор, фазилати анҷуманороӣ ва гирди хони наврӯзӣ бо нияти хайр нишастан дар шоҳкории беназири фарҳангии ниёгони мо - "Авесто" аз мавзӯъҳои асосист.

Дар аҳди Хусрави Парвиз ромишгари бузург Борбад дурдонаҳои беҳтарини савту навои наврӯзиро дар оҳангҳои "Сози Наврӯз", "Наврӯзи бузург", "Наврӯзи Хоро" ва "Сабз андар сабз" фароҳам оварда, ба хизмати ояндагон гузоштааст. Беҳтарин баҳорияҳо, ситоиши Наврӯз ва баёни ормонҳои неки инсонӣ ашъори безаволи устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Сайидо ва дигар адибони номдори моро оро додаанд.

Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.

Наврӯз инчунин аз оғози зуҳураш иди воқеии кишоварзон мебошад, ки нақши он пеш аз ҳама, дар шудгори замину пошидани донаи умед, шинондани ниҳолу тоза кардани наҳрҳо, кандани ҷӯйу пок доштани манбаъҳои об, ободонии маҳалли зисту тозаву озода кардани хона ва дигар корҳои хайр таҷассум меёбад. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва маънавияти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст.

Ёди гузаштагону аёдати беморон, мадад ба барҷомондагону бепарасторон, дастгирии ятимону маъюбон, русуми зоҳиру ботинро пок намудан, бахшоиши гуноҳ ва ба ин монанд фазилатҳои некро метавон ҳамчун як фарҳанги нодири инсондӯстиву самимияти миллати мо арзёбӣ кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ман ба роҳбарони муассисаву идораҳо ва шахсони саховатпеша, ки дар арафаи Наврӯз ятимону маъюбон ва пирони бепарасторро ҷавонмардона дастгирӣ карданд, арзи сипос менамоям. Хайру эҳсони беминнат волотарин фазилати инсонист ва Худованд мардуми саховатпешаро ҳамеша азиз медорад.

Илова бар ин, парвариши ниҳолу нигоҳубини зироат мисли сохтани хона ва тарбияи фарзанд қарзи ҳар як шаҳрванди солимфикру дурандеш аст. Мо бо ин амали хайр ҳам қарзи инсониямонро дар назди рӯҳи падарону модарон, ки барои мо боғу киштзорҳои обод бунёд кардаанд, адо мекунем ва ҳам барои фарзандону наберагон дарахти сабзу борвар ба ёдгор мемонем.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон, ки дар маъракаи имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона ширкат меварзанд, изҳори ташаккур менамоям. Ва ба он умед мебандам, ки онҳо парваришу ба камол расонидани ниҳолҳои шинондаи худро фаромӯш намекунанд.


Ҳозирини мӯҳтарам!

Мову шумо имсол ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мекунем.

Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аз татбиқи ҳадафу нақшаҳои бузурги созандагиамон аз Наврӯзи соли гузашта то имрӯз ёдовар шавам.
Ин ҳам як суннати неки Наврӯз аст ва бузургонамон беҳуда таъкид накардаанд: "Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад".

Соли сипаришударо бо қаноатмандӣ метавон ҳамчун соли нусрату дастовардҳои нави давлати Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсат, иҷтимоиёт, сохтмони иншооти коммуникатсиониву энергетикӣ ва рушди маорифу фарҳанг арзёбӣ кард.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини пешрафти кишвар фақат дар сурати рушди босуръати иқтисод, қабл аз ҳама соҳаҳои афзалиятноки он имконпазир аст.

Мову шумо хуб медонем, ки татбиқи муваффақонаи барномаҳои бузурги энергетикӣ, инфраструктурӣ ва коммуникатсионӣ дар сатҳи ҷаҳони муосир ва бунёди иншоотҳои пешрафта кори осон нест.

Дар шароити хоси Тоҷикистон ин ҳадаф боз аз он ҷиҳат мушкил аст, ки захираҳои сӯзишвории зеризаминӣ ва имкониятҳои молиявии мо нисбатан маҳдудтаранд.

Ҳамзамон талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва дигар манбаъҳои энергия сол то сол афзуда, аз сабаби баландшавии нархҳо ва коҳидани интиқоли газу дигар маводҳои сӯзишворӣ бори рӯзафзуни он ҳангоми зимистонгузаронӣ асосан бар дӯши нерӯгоҳҳои барқи обии мамлакат зам шудааст.

Ба таври мисол агар дар соли 1990 аҳолии кишвар 1 миллиарду 400 миллион киловатт - соат нерӯи барқ истифода бурда бошад, пас дар соли 2006 ин нишондод 3 миллиарду 600 миллион киловатт - соатро ташкил додааст, ки дуюним маротиба зиёд аст.

Аз рӯи пешбинии мутахассисон барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ дар мамлакат бояд иловатан беш аз 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шавад, ки дар қиёси даҳ соли пеш 5,5 маротиба зиёд аст.

Гузашта аз ин имсол дар ҳавзаи дарёи Вахш, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли нерӯи барқи мамлакатро фаро мегирад, аз сабаби яхбандӣ ва кам шудани боронгарӣ сатҳи захираи оби обанбори Норак то ҳадди аз ҷиҳати технологӣ хатарнок поин фаромадааст.

Дар чунин шароит мо ҳама тадбирҳои имконпазирро анҷом дода, интиқоли барқро тақрибан ба ҳама корхонаҳои саноатии кишвар амалан қатъ намудем. Ҳатто ба Заводи алюминии тоҷик, ки коргоҳи фоидаовартарини кишвар мебошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта интиқоли шабонарӯзии барқ беш аз чор миллион киловатт-соат коҳиш дода шуд.

Ҳамзамон муддати зиёда аз панҷ моҳ аст, ки бо кишварҳои ҳамсоя барои транзит ва харидории нерӯи барқи иловагӣ гуфтушунид идома дорад. Вале он то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Бо вуҷуди ҳама монеъаҳои объективӣ ман итминони комил дорам, ки мову шумо ин мушкилотро низ чун мушкилиҳои даҳшатноки солҳои гузашта бартараф менамоем. Ҳалли ниҳоӣ ва комёбонаи танқисии нерӯи барқу газ ва умуман масоили дигари рӯз аз ҳамаи мо иродаи қатъӣ, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, талоши фидокоронаи ҳамарӯзӣ, сабру таҳаммули солорона ва оқиливу дурандеширо тақозо дорад.

Маҳз ин фазилатҳо ва азму иродаи созандагӣ имкон доданд, ки бо вуҷуди набудани маблағҳои кофӣ ва нобоварии доираҳои гуногун мо нақби Истиқлол, нерӯгоҳи Помир-1, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, объектҳои зиёди коммуникатсионӣ, роҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, пулу фурудгоҳҳо ва иншоотҳои дигарро созем ва бунёди нерӯгоҳи "Сангтуда-1"-ро вусъати ҳаматарафа бахшем.

Шумо хуб медонед, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ нерӯгоҳи Норакро дар муддати қариб 20 сол сохт ва дар 14 соли сохтмони бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳатто як агрегати он ба кор дароварда нашуд.

Мо азми қатъӣ дорем, ки дар тайи ду сол нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда-1" ва дертар "Сангтуда-2"-ро бисозем ва истиқлолияти энергетикии кишварро амалан таъмин намоем. Барои бартараф гардидани мушкилоти энергетикии мамлакат ба мо зарур аст, ки боз ду зимистони дигар сабру таҳаммул намоем.

Дар айни замон бо мақсади сабук намудани мушкилоти мазкур дар ҳар як шаҳру ноҳия кушодану зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт идома дорад ва мо тасмим гирифтаем, ки танҳо шумораи нуқтаҳои фурӯши гази моеъро дар қаламрави кишвар ба 226 адад расонем.

Ман эътимоди комил дорам, ки шумо - зиёиёни гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи кишвар ин стратегияи созандагӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва дигар ҳадафҳои тақдирсози давлатдории миллиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоед.

Имрӯз дар мамлакат чандин нақшаҳои бузурги стратегӣ тадриҷан амалӣ мешаванд, ки анҷоми онҳо мушкилоти рӯзгори мардумро осон ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар хоҳад кард.

Ҳамзамон баробари барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ба сиёсати иҷтимоии аҳолӣ ва зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла зиёиён диққати махсус дода мешавад. Дар давоми се соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба ҳисоби миёна 3 баробар афзоиш ёфта бошад ҳам, ин ҳанӯз барои зиндагии осудаҳолона кам аст.

Бо Фармони навбатии Президенти мамлакат "Оид ба баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ" маоши хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз 1 апрели соли 2007 боз афзун гардид.

Дар асоси фармони зикршуда музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд ва минбаъд маоши муаллимон тибқи нақшаи нави соддагардида, яъне аз рӯи таххассус ва ду намуди иловапулӣ пардохта мешавад.

Маоши кормандон ва мутахассисони Дастгоҳи марказии президиумҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои педагогӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ ба музди меҳнати кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии вазоратҳо баробар карда шуд.

Музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад 30 фоиз, муассисаҳои тандурустӣ 10 фоиз, инчунин ҳамаи дигар кормандони соҳаҳои буҷетӣ 15 фоиз баланд гардид.

Ҳамчунин нафақаи иҷтимоӣ, ки он ба зиёда аз 67 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат пардохта мешавад, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Дар маҷмӯъ барои дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зикргардида дар соли 2007 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ иловатан зиёда аз 100 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки барои аз 1 октябри соли 2007-ум боз зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ маблағи иловагӣ дарёфт карда, таклиф пешниҳод намояд.

Чунон ки борҳо таъкид кардам, ҳоло Тоҷикистон дар оғози марҳилаи рушди устувор қарор дорад ва мо бо дарназардошти зарурату имкониятҳои худ бояд нақшаҳои созандагиву бунёдкории Ватанамонро зина ба зина тарҳрезӣ ва татбиқ намоем. Ҳар хиште, ки мову шумо имрӯз ба пойдевори иншооти бузургу тақдирсози мамлакат мегузорем, ба хотири ободиву ояндаи неки Ватани азиз, ҳаёти осудаи наслҳои нав ва фарзандону наберагони мардуми шарафманди кишварамон аст.

Дӯстони арҷманд!

Миллати мо аз қадимулайём тамоми масъалаҳои ҳаётӣ ва дигар масоили муҳими рӯзгори худро бо роҳи маслиҳату машварат бо донишмандону дӯстон ва шахсони мӯътабару рӯзгордида ҳал мекунад.

Баргузории мулоқоти ҳарсола бо зиёиёни мамлакат, гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ дар пойтахт ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ идомаи ҳамин анъанаи нек мебошад. Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо мо имконият пайдо мекунем, ки дар хусуси бурду бохти сиёсати пешгирифтаамон ва роҳҳои пешрафти мамлакатамон мубодилаи афкор намоем ва ҳамзамон бо ин, риштаҳои ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориҳои мардумамон бо аҳли зиё қавитар гарданд.
Мо аз доир намудани ин гуна маъракаҳо ҳамчунин умед дорем, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, пойдории сулҳу субот ва ободониву созандагӣ вусъату қувваи тоза мегирад ва торафт нерӯманд мегардад.

Зеро ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон ҳама дар маҷмӯъ қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими истиқлолият ва давлатдории навини миллии мо мебошанд.

Ба ҳамин хотир низ мо соли гузашта ҷашнҳои 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро бо иштирок ва саҳмгузории фаъолонаи аҳли ҷомеа қайд намудем, ки албатта зиёиён ҳуснбахши ин маъракаҳо буданд.

Аслан ҳадаф аз ин чорабиниҳо ҳаргиз ягон ғарази сиёсӣ ва идеологӣ, кӯшиши бузургманишии миллӣ ва ё дар рӯҳияи бузургтарошии бепоя тарбия кардани ҷавонони миллат ва насли наврас набуду нест.

Мо дар баробари дигар миллатҳои соҳибфарҳанги олам ҳуқуқи таърихию маънавӣ дорем, ки тамаддуни гузаштаи хешро омӯзем, аз таҷрибаи таърихии ниёгони худ баҳравар шавем, беҳтарин падидаҳои ҳаётбахши онро бо истифода аз дастовардҳои замони нав дар пешрафту камолоти худ ва сарсабзии фарзандонамон истифода намоем.

Дар баробари ин, мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор гардида, аз ҳаводиси миллаткуши таърих ранҷ накашидааст.

Ҳатто дар гузаштаи начандон дур, ҳангоми таъсисёбии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон доираҳои миллатгаро кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки асолати фарҳангӣ ва ҳастии таърихии миллати тоҷикро инкор намоянд.

Дар чунин даврони ҳассос ва тақдирсоз як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст бо роҳбарии устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Абдуқодир Муҳиддинов дар саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ муборизаҳои ҷасурона бурданд.

Миллати тоҷик, ки дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор монда буд, баъди истиқлолият ба омӯзиши давраҳои давлатдории қадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард.

Зеро баррасиву таҳқиқи сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан, бигзор талху пурфоҷиа ҳам бошад, инчунин сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пухтаву дурандеш месозад.

Бо ҳамин мақсад мо ҷашни шаҳрҳои бостонии Истаравшан ва Кӯлобро баргузор намудем, ки дар натиҷа ин гӯшаҳои Ватанамон ба марказҳои зебои замонавии дорои биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ табдил ёфтанд ва ёдгориҳои бостониву осорхонаҳо хеле обод шуданд.

Дар айни ҳол доир ба таҳқиқ ва кофтукови осори таърихии ниёгони мо ба Академияи илмҳо ва Институти таъриху бостоншиносӣ маблағҳои кофӣ ҷудо кардем, ки дар натиҷа рисолаву китобҳои арзишманд нашр шуданд, ёдгориҳои нодир ва осори бостонии асрҳои гузашта бозёфт гардиданд.

Олимони мо ҳам аз Истаравшану Панҷакент, ҳам аз Кӯлобу Ҳулбук ва ҳам аз Саразму Тахти Сангин осори беназири фарҳангу таърихи миллатро кашф карданд, ки ин ҳама гувоҳи раднопазири тамаддуни куҳани миллати мо мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир барои ҳифз кардан ва тармиму барқарорсозии даҳҳо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаҳои куҳану осори меъмории Истаравшан, Хуҷанд, осори таърихиву меъмории Панҷакент, пӯшонидани болои шаҳристони қадимаи Саразм, ҳамчунин тармиму бозсозии қалъаи Ҳулбук, ёдгориҳои Тахти Сангин, мақбараҳои Мирсаидалии Ҳамадонӣ, Мазори Ҳазрати Султон, чандин музейу осорхонаҳо ва дигар ёдгориҳои меъмориву таърихӣ маблағи зиёд ҷудо кард.

Ҳамзамон барои ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани чандин ёдгориҳои нодири таърихиву меъмории кишвар ва шоҳкории мусиқии миллии мо - "Шашмақом" як силсила корҳо анҷом ёфта, чандин китобу маълумотномаҳои мусаввари ёдгориҳои Тоҷикистон интишор гардиданд.

Ҳукумати мамлакат сиёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва осори қадимаи ниёгонро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор месозад, ки ҳифзу ободонии ёдгориҳоро вазифаи муқаддаси худ шуморанд.

Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем.

Мардуми мо одоби баланди муошират, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар анъанаҳои неки миллие дорад, ки онҳоро бо дастовардҳои ҷаҳони муосир пайванд додан, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардумро васеъ кардан, ба манфиати миллат истифода бурдани арзишҳои беҳтарини умумибашарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси зиёиён мебошад.

Аслан, афрӯхтани шӯълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад.

Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кӯдакону наврасон бо номи "Баҳористон" иқдоми навбатии давлат дар ҳаққи насли оянда мебошад. Акнун хурдсолону хонандагони мактабҳои мо соҳиби майдону минбар шуданд ва умед аст, ки ин шабака ба тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, кашфи истеъдодҳо ва сайқали маҳорати онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Дар ин самт роҳнамоӣ, ҳамкорӣ ва мадади устодони фозилу рӯзгордида, шахсиятҳои маъруф ва аҳли зиё бо шабакаҳои телевизионии мамлакат бояд ба воситаи муҳими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон табдил дода шавад.

Барои таъмини самаранокии ин кор роҳбарони вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин дигар сохторҳои масъули давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати пурра фаро гирифтани қаламрави кишвар бо барномаҳои телевизионӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Барномаҳои ҳаррӯзаи Шабакаи аввал, "Сафина", "Баҳористон", шабакаи радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои иттилоот фаъолияти худро бояд барои ошноӣ пайдо кардани наврасону ҷавонони мо бо кашфиёти навтарини башарият ва омӯхтани илму техника ва технологияи муосир равона созанд, то ки аз байни онҳо дар оянда шахсиятҳои донову тавоно, зираку соҳибмаърифат, ватандӯстони асил ва ҳомиёни миллату давлат ба камол расонида шаванд.

Мо ба мақсадҳои олии худ - таҳкими дастовардҳои истиқлолияти кишвар, таъмини рушду нумӯи давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва миллат, пойдории сулҳу субот, пешрафти иқтисодиёту татбиқи ҳадафҳои марҳилаи созандагӣ, беҳбудии зиндагии мардум ва ҳалли даҳҳо масъалаҳои дигари ҳаётӣ танҳо аз ҳамин роҳ расида метавонем.

Дӯстони гиромӣ!

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад.

Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.

Замони мо замони дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мебошад, ки роҳ ба сӯи онҳо аз мактабу маориф ва низоми дурусту муосири таълим ибтидо мегирад.

Дастовардҳои илмӣ ва маҳсулоти фаъолияти зеҳнӣ имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи гарон хариду фурӯш мешаванд.

Аз ин хотир, мусоидат кардан ба ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, муассисаҳо ва институтҳои Академияи илмҳо, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат, ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ ва дорои ҷаҳонбинии васеъ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини зиёиён, бахусус олимону омӯзгорон аст.

Имрӯз ба низом ва усулҳои байналмилалии таълим гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон тақозои замон аст. Зеро равандҳои ҷаҳонишавии бозори умумии интеллектуалӣ ва меҳнат дар назди мутахассисони оянда талабот ва меъёрҳои торафт ҷиддӣ пеш мегузоранд.

Бинобар ин, ба роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои олӣ зарур аст, ки таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии кишварҳои тараққикардаро омӯзанд ва дар ҷараёни таълим истифода намоянд.

Гузаштан ба низоми кредитии таълим дар таҷрибаи ҷаҳонӣ торафт вусъат меёбад, ки ин таҷрибаро баъди озмоиш дар панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бояд Вазорати маориф ва дигар вазоратҳои дахлдор хулоса намоянд.

Масъалаи дигар ва хеле муҳими соҳаи маориф - мувофиқи талаботи замон омода кардан ва аз чоп баровардани китобҳои дарсӣ мебошад.

Аслан китоби дарсӣ бояд донишу малакаи пешиниён ва рӯҳи замони муосирро фаро гирифта, барои даҳсолаҳо навишта шавад.

Дар марҳилаи имрӯза вазифаи навбатии олимону мутахассисон ва адибону омӯзгорон таҳия ва нашри китобҳои дарсие мебошад, ки дастовардҳои илми муосир, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ, рамзу оинҳои давлатдорӣ, қадр намудани истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, эҳтироми меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти гузашта, имрӯза ва ояндаи моро фаро гиранд.

Дар айни замон таҳияи "Энсиклопедияи бузурги тоҷик" ё худ "Қомуси бузурги миллӣ" тақозои замон мебошад, чунки шиносномаи комили ҳар як миллат қомуси таърихан ва илман асосноки он аст. "Энсиклопедияи советии тоҷик", ки солҳо қабл аз ин нашр шудааст, ҳоло ба меъёрҳои замони истиқлол ҷавобгӯ нест.

Аз ин лиҳоз, ба Академияи улум, вазоратҳои маориф, фарҳанг ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки нерӯи мавҷудаи илмии қомуснигорон ва дигар имкониятҳои зеҳниро истифода карда, ин корро оғоз намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки таҳияи фарҳанги мукаммали забони тоҷикиро дар муқоиса бо луғатномаҳои мавҷудаи тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ бо дарназардошти таҷриба ва меъёрҳои "Фарҳанги забони тоҷикӣ" шурӯъ намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст.

Зимнан ба сохтору муассисаҳои дахлдор лозим аст, ки истилоҳоти мувофиқи илмиву техникии замони муосирро пазируфта, дар тарҳрезии барномаву расмулхати тоҷикии компютерӣ ва китобҳои илмиву таълимии минбаъда тадриҷан ҷорӣ намоянд.

Чандин сол аст, ки мо барои мактабҳои умумии мамлакат ҳазорҳо адад компютер мехарем, вале аксари онҳо то имрӯз барномаи ягонаи тоҷикӣ надоранд. Минбаъд кӯшиш бояд кард, ки ширкатҳои тиҷоратӣ ҳангоми ворид сохтани технологияи компютерӣ мавҷудияти барномаи ягонаро ба забони давлатӣ ба инобат гиранд.

Ниёзмандии мардуми мо ба китобу маориф аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳилаи имрӯзии рушди ҷомеа ва истиқлолияти миллӣ бештар эҳсос мегардад.

Соли гузашта танҳо нашриёти "Адиб" аз ҳисоби маблағҳои фонди эҳтиётии Президент беш аз ҳаштод номгӯй китобро аз чоп баровард.

Имсол низ ман тасмим гирифтам, ки ин ташаббус идома ёбад. Бинобар ин, барои чопи китобҳои адибони тоҷик 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намудам.

Ба ғайр аз ин, чунонки соли гузашта пешниҳод карда будам, осори адибони классик ва муосирро солҳои наздик дар 50 ҷилд ба табъ расонда, муаллимони мактабҳои олию миёна, донишҷӯёну хонандагони сершуморро аз ганҷинаи бузурги фарҳангиву адабии миллатамон баҳравар намудан як амри зарур барои боло бурдани сатҳи ифтихори миллӣ ва тарбияи маънавии мардумамон, бахусус ҷавонон мебошад.

Ба назари ман, агар чопи ин ҷилдҳо аз осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ оғоз гардад, кори хеле хуб мешавад ва ба истиқболи ҷашни 1150-солагии Одамушшуаро тӯҳфаи муносибе омода мегардад.

Ман барои ҷилдҳои аввалини ин силсила 235 ҳазор сомонӣ ҷудо кардам. Ба комиссияи интихобу ба чоп тавсиякунандаи ин асарҳо, Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти "Адиб" супориш дода мешавад, ки дар интихобу пешниҳоди асарҳои ҷовидонаи классиконамон ва адибони муосирамон хеле ҷиддӣ ва серталаб бошанд. Сифати чопи китобҳо низ бояд дар сатҳи баланд сурат гирад.

Азбаски ин силсила осори ситораҳои дурахшони адабиёти беш аз ҳазорсолаи моро дар бар мегирад, ман пешниҳод менамоям, ки "Ахтарони адаб" номгузорӣ шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар замони пурталотуми ибтидои асри XXI робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва иттилоотиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам рӯз то рӯз вусъат меёбад.

Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем.

Зеро ҳарчанд ки қонунҳои Тоҷикистон озодии андеша ва рафторро кафолат медиҳанд, вале ин озодӣ чунин маънӣ надорад, ки ҷавонони ҳунарманди мо бо тақлид аз фарҳанги ифротгароёна унсурҳои ахлоқи ҳамидаи милливу суннатии мардуми Тоҷикистонро нодида гиранд.

Ба ин манзур вазоратҳои фарҳангу маориф, Академияи илмҳо, Кумитаи радио ва телевизион, иттифоқҳои нависандагон, бастакорон ва дигар созмонҳои илмиву эҷодӣ бояд афзудани шумораи асарҳои хоми бадеиву мусиқӣ ва намоишномаҳои сусту камарзиши адабиву ҳунариро пешгирӣ намоянд.

Гузашта аз ин, забони матбуот, китобу рисолаҳо, барномаҳои радиову телевизиони тоҷик рӯз то рӯз мавриди интиқод ва эроди хонандаву бинанда шуда истодааст.

Солҳои охир дарку ҳазми мақолаву хабарҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳатто ҳарфзании ровиёну гӯяндагон на танҳо барои мардуми оддӣ, балки шахсони босавод ва забондон низ мушкил мегардад. Дар атрофи ин масъалаҳо бояд ҷиддӣ фикр кард.

Дар айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳанги миллат мебошад.

Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, бо сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртиботи узвӣ пайдо кардаанд.
Сараввал бояд таъкид намуд, ки шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мову шумост. Асолат омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат аст ва шинохту татбиқу тақвияти огоҳонаи он бақо ва ҳастии миллати соҳибистиқлолро ифода мекунад. Агар нектар назар кунем, ном воқеан ҳусни сират аст.

Дар ниҳоди номҳои миллӣ орзую омол, эътиқоду эҳтиром, наҷобату шараф, арзишҳои иҷтимоӣ, завқ ва салиқаи зебоишиносии миллӣ инъикоси возеҳ ёфтаанд. Бахусус, номгузории ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ қисми ниҳоят муҳим ва арзишманди суннати номгузории мост, ки меъёрҳояш дар Қонуни забон зикр шудааст.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.

Дар бораи номгузорӣ сухан ронда, таваҷҷӯҳи зиёиёни арҷманди миллатро ба як масъала ҷалб карданӣ ҳастам. Номгузории хиёбонҳо, кӯчаҳо, боғҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳо ва монанди инҳо бояд мутобиқ ба хизмати таърихӣ ва мақому манзалати шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатамон бошад.

Хидмати ҷоннисорона ва миллатдӯстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забону адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва арбобони давлати ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳама гуна қадршиносист.
Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки аввалин мактаби олии маорифи кишвар, яъне Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шавад.

Ҳамзамон ба Ҳукумати шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки ба номи Қандил Ҷӯраев - шахсияти шинохтаи илмӣ ва давлатӣ яке аз ҷойҳои муносиби пойтахтро гузорад.

То ҳол мо хидмати устоди бузурги мусиқӣ ва санъати миллатамон Ака Шариф Ҷӯраевро ба таври бояду шояд қадршиносӣ накардаем. Бинобар ин пешниҳод карда мешавад, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба шарафи устод Ака Шариф Ҷӯраев номгузорӣ гардад.

Дӯстони иззатманд!

Имсол низ гузаронидани ҷашну маъракаҳои бузурги фарҳангиву сиёсиро дар нақша дорем, аз ҷумла моҳи июн даҳсолагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн хоҳем гирифт. Нақши таърихии ин санад дар лаҳзаҳои басо душвори сарнавишти миллат ва дар таъмини ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст.

Дастгирии ин созишнома ва пуштибонии сулҳу ваҳдат чун роҳи ягонаи наҷоти миллату давлат пеш аз ҳама хизмати бузургу қаҳрамононаи кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Илова бар ин, 800-солагии орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо қарори ЮНЕСКО дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Шинохти олами афкор ва ашъори оламгири ин нобиғаи инсонпарвар, ки суннати некмазҳариву покманишӣ ва дӯстиву бародарии ҳамаи қавму мазҳабу миллатҳоро тарғиб мекард, дар роҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии мо боз як марҳилаи тозае хоҳад шуд.

Соли оянда бошад ҷашни бузурги 1150-солагии устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба иди ҳақиқии адабиёту фарҳанги бостонии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Бо дарназардошти нақши ин озодамардони миллат дар таърихи тамаддуни башарӣ ва ба муносибати ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2008 дар Тоҷикистон "Соли бузургдошти фарҳанг" эълон карда шавад.

Бовар дорам, ки ин тадбир мақоми илму фарҳанг ва арзишҳои миллии моро рушду нумӯи тоза бахшида, шукӯҳу шаҳомати маъракаҳои дарпешистода, аз ҷумла ҷашни қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс - устод Рӯдакиро болотар хоҳад бурд.

Ҳамчунин ба Ҳукумати шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки тармиму таҷдиди боғи марказии истироҳату фароғат ва бунёди ҳайкали Рӯдакиро дар сатҳи баланд ба анҷом расонад. Ин боғро ба шарафи ҷашни бошукӯҳи миллӣ "Боғи устод Рӯдакӣ" номгузорӣ хоҳем кард.

Рисолати миллии аҳли илму адаб, фарҳангу ҳунар ва умуман зиёиён, пеш аз ҳама иштироки фаъолона ва ҳадафманди онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат аст.

Ҳар як зиёии арҷманди мо бояд дар кору пайкори созандагӣ ба хотири шукуфоии Ватан, аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ роҳнамоӣ кардани ҷомеа, эҷоди асарҳои илмиву бадеии сазовори замон, рушди бештари фарҳангу ҳунар ва парвариши истеъдодҳои ҷавон фаъолона саҳмгузор бошад.

Зиёиёни ватанпараст бояд шахсан ташаббус нишон диҳанд, мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби кишварро ба миён гузоранд ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро низ пешниҳод кунанд.

Маҳз дар ҳамин сурат мо нақшаҳои бузурги созандагиро тадриҷан татбиқ намуда, Ватани азизамонро ободу зеботар месозем ва зиндагии осудаву рӯзгори ободи мардумамонро таъмин карда метавонем.

Дар хотимаи сухани худ бо эҳсоси шукргузорӣ аз истиқлолияти Ватан ва орзуву умедҳои неки наврӯзӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиёиёни сарбаланди тоҷикро бори дигар табрик гуфта, дасти дуо мебардорам, ки Худованд сафи афроди бедордилу равшанзамир, бонангу номус, соҳибмаърифату ватанпарастро зиёд гардонад ва ба ҳар хонадони тоҷик саодати рӯзгору файзу баракатро насиб созад.

Дар остонаи Наврӯзи эҳёгар ва Соли нави миллӣ ба ҳамаи зиёиёни мамлакат асарҳои пурарзиш, андешаҳои тоза ва ихтирооту кашфиёти нав орзумандам.

Ҳамчунин орзу менамоям, ки ба эҷоди шумо рӯҳи оламгири устод Рӯдакӣ ва Мавлонои бузург мададрасон бошад!

Ҳамду сано ба зиёиёни сарбаланди миллат - эҷодгарону ҳомиёни забон, адабиёт ва фарҳанги безаволи мо!

Ҳамду сано ба миллати сарбаланду тамаддунсози тоҷик!

Наврӯзи ҳуҷастапай муборак бод!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520