Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол

30.03.2023 11:01, шаҳри Истиқлол
Шиносоӣ бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол   30.03.2023

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкур дар Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта ба вуҷуд омадааст, амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Росатом”-и Федератсияи Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.  

Тибқи маълумот дар майдони Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки масоҳати умумии он 7,5 гектарро ташкил медиҳад, баландии партовҳо аз 65 то ба 30 метр паст гардида, бо сангу шағал ва хок рӯйпуш карда мешавад. Дар марҳилаи охири безараргардонии партовҳо тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол дар чор қитъа амалӣ гардида, аллакай кор дар қитъаи якум пурра ба охир расида, дар қитъаи дуюм ҷараён дорад. Корҳои безараргардонӣ дар қитъаҳои 3-юм ва 4-уми партовгоҳ нимаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида, дар охири моҳи майи соли 2023 ба анҷом мерасанд.

Дар иншооти мазкур зиёда аз 100 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни корҳои безараргардонӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муомила бо маводҳои радиоактивӣ аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста назорат карда мешавад.

Мувофиқи нишондод баъди безараргардонии қитъаи якуми партовгоҳ дараҷаи нурафкании радиоактивӣ ба меъёри мақаррарӣ баробар шудааст, ки барои саломатии аҳолӣ, муҳити зист ва дар умум тамоми мавҷудоти зиндаи атроф бехатар аст.

Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандону мутахассисон шароити зарурӣ, аз қабили нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷои шустушӯи техникаю механизми махсус ва зеристгоҳи барқӣ бунёд карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520