Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ дар ҶДММ “Кони Ганҷ” дар ноҳияи Зафаробод

31.03.2023 11:22, ноҳияи Зафаробод
Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ дар ҶДММ “Кони Ганҷ” дар ноҳияи Зафаробод   31.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2, 9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати кишвар дар ҳар як шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб меёбад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи пахта дар як сол коркарди 15 ҳазор тонна пахта буда, дар заминаи корхона истеҳсоли равғани растанӣ низ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти муосиру каммасраф аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориду васлу насб гардидааст. Дар корхона дар марҳилаи якум пахта ба коркарди аввалия фаро гирифта мешавад. Истифодаи дастгоҳи муосир имкон медиҳад, ки барориши нахи пахта то ба 38 фоиз баробар гардида, 55 фоиз чигит истеҳсол карда шавад.

Соли 2022 ширкати “Кони ганҷ” 9 ҳазор тонна пахта қабул намуда, онро мавриди коркарди аввалия қарор додааст. Баробари ба кор андохтани коргоҳи равғанбарорӣ чигити истеҳсоли худии корхона пурра истифода ва аз он равғани растанӣ, намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол карда мешавад.

Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи минбаъда бо воридсозии дастгоҳҳои муосир истеҳсоли собунро низ ба роҳ монад. Коргоҳи равғанбарорӣ иқтидори коркарди то 40 тонна чигитро дар як шабонарӯз дошта, равғани истеҳсолгардида, дорои сифати баланд мебошад ва ин корхонаи тозабунёд дар таъмини бозори растанӣ саҳми арзанда мегузорад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти аз лиҳози табиӣ тоза ва истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он асосан аз маҳсулоти чигит ва офтобпараст равған истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти коргоҳ дар бозорҳои ноҳияи Зафаробод ва дигар минтақаҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Баробари ба истифода додани коргоҳи мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин давоми сол беш аз 50 нафар ба кори мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.

Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғании растанӣ дар “Кони ганҷ” дар масофаи 20 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, барои қабулу коркарди пахтаи истеҳсоли хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳоти Меҳнатобод ва Ҷомӣ хело мувофиқ аст.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд пеш аз ҳама ба сифат ва рақобатпазирии ин маводи ғизоӣ диққати зарурӣ дода шавад.

Маҳсулоти кишоварзии ноҳия, чун ғалла, лӯбиёгиҳо, зироати равғандеҳ, анвои гуногуни сабзавот, картошка ва дигар намуди маводи ғизоӣ ба намоиш гузошта шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Зафаробод 4700 хоҷагии деҳқониву кооперативҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, давоми соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия наздик 732 миллион сомониро ташкил дод, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли 2021 ба 115,2 фоиз баробар мебошад.

Дар саҳни корхона ҳамзамон чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, ки асосан дар ноҳия парвариш меёбад, муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводоронӣ ноҳия кори хоҷагидоронро мусбат арзёбӣ дошта, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ин соҳаи сердаромад, таъсиси фермаҳои нави чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, парвариш ва нигоҳубини чорвои хушзот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсули деҳқонони ноҳия, маҳорати кадбонугии бонувон ва намунаҳои ҳунарҳои миллии дастӣ дидан намуданд.

Дар хаймаҳои идона махсулоти нониву қаннодӣ, асал, панир, шири Зафаробод, ҳунарҳои мардумӣ чун дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, колинбофӣ, зардӯзӣ, мӯҳрабофӣ ва амсоли ин, маҳсулоти корхонаҳои хӯрока, равғани растанӣ ва хӯроки чорво, ки ҳама истеҳсол ва дастранҷи заҳматкашони ноҳия мебошад, ба намоиш гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва чорвои хурду калони хушзоти ширдеҳ навъҳои гуногуни панир ва дигар маҳсулоти ширӣ истеҳсол гардида, ба бозори минтақа ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияи ба рушди ҳунарҳои дастии миллӣ таваҷҷӯҳи хоса равона гардидааст ва беш аз 30 намуд ҳунарҳои мардумӣ то кунун побарҷост. 1500 нафар сокини ноҳия ҳамчун ҳунарманд кору фаъолият дошта, касбҳои гуногуни аҷдодиро нигоҳ доштаву ба ояндагон ба мерос мегузоранд. 

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун роҳҳои маҳаллӣ аз нав сохтаву таъмир карда мешаванд. Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масофаи 9 километр роҳро асфалтпуш карданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520