Чунонки иттилоъ доред, нимаи дуюми рӯз ҳамаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Сарони ду давлати ҳамсоя нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзо ва нозири он муҳим арзёбӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ҳасанаи байни Тоҷикистону Узбекистон таъкид намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримовро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.