Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод

04.04.2023 10:45, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи кишти зироатҳои баҳорӣ шуниданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки маъракаи кишти зироатҳои баҳориро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида, махсусан, ба васеъ кардани зироати асосии кишоварзии минтақаҳои мазкур – картошка ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ баланд бардоштани ҳосилнокии он эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520