Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.08.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 баррасӣ шуд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳо шумораи сокинони мамлакат дар соли 2009 2,1 дар сад ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,1 дар сад нисбат ба соли равон афзун мешавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба 20,6 миллиард сомонӣ расида, ба сари ҳар нафари аҳолӣ 2775 сомонӣ рост меояд. Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2008 нисбат ба соли 2001 қариб 4 баробар зиёд мебошанд.

Дар солҳои 2010 ва 2011 бошад шумораи аҳолӣ мутаносибан ба 7 миллиону 603 ҳазор ва 7 миллиону 768 ҳазор нафар мерасад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин солҳо мутаносибан ба 25 миллиарду 650 миллион сомонӣ ва 31 миллиарду 290 миллион сомонӣ хоҳад расид. Он ба сари ҳар нафари аҳолӣ дар солҳои 2010 ва 2011 мутаносибан 3373,6 ва 4031,8 сомониро ташкил хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумати мамлакат Нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011-ро мавриди баррасии муфассал қарор дода, ба хулоса омаданд, ки он бо назардошти тағйироти мусбӣ дар бозори иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон бори дигар мукаммалу дақиқтар карда шавад.

Сипас ҳисоботи марказҳои идораи лоиҳаҳои рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) ва рушди низоми маблағгузории хурд шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар ин соҳа ду лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 74 миллион сомонӣ татбиқ мегарданд, ки 80 фоизи маблағҳояшон грант ва саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ҳадаф аз лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизмати коммуналӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст, ки бо маблағи 58 миллион сомонӣ дар солҳои 2006 – 2011 татбиқ мегардад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур таҷдиди системаи инфраструкутураи маҳаллӣ ва дастгирии институтсионалии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешбинӣ шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 8 иншооти безараргардонӣ 4 бинои гузаргоҳ, насби обченкунакҳо, дастгоҳҳои обкашии зеризаминӣ, трансформаторҳо, сохтмони хатти таъмини барқ то 14 бинои безараргардонӣ ва васли қубурҳои полиэтиленӣ бо диаметрҳои гуногун ба масофаи 6577 метр анҷом ёфта, таҷҳизоту механизмҳо харидорӣ гардиданд. Мутобиқи нақша корҳои сохтмонию васлкунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бо татбиқи ин лоиҳа 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд бошад таҳти ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2004 то 30 июни соли равон бо мақсади ҳамоҳангсозии таъмини истифодабарии самараноки қарзи пешниҳодгардида ва дастгирии соҳибкории хурду миёна татбиқаш анҷом ёфт.

Дар ин давра аз ҷониби ҳамаи 14 ташкилоти қарздиҳанда 10 миллиону 371 ҳазор сомонӣ ба 5383 оила ё ба 37 800 нафар мизоҷон аз 39 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки 20 ноҳияи он ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонанд. Тавассути татбиқи ин барнома 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё гашт. 80 дар сади оилаҳои қарзгирифта камбизоат буданд ва 42 дар садашон зери сарпарастии занон қарор доранд. Қарзҳои хурд барои ташкили корҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ, тиҷоратӣ ва ғайра дода шуда, ба болоравии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри тезондани татбиқи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ ва боз ҳам афзун намудани ҳаҷми қарзҳои хурд ба соҳибкорони хурду миёна ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Як зумра хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки мутобиқи онҳо ба як қатор санадҳои қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи тибби халқӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва ғайра.

Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд, тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи барнома дар мӯҳлати зикргардида 782 мактаб сохта ва ё таъмиру азнавсозӣ карда мешавад, ки барои ин наздики 565 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети соҳаи маориф, буҷетҳои маҳаллӣ, инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳо сурат мегирад.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба соли нави хониш, зимистони пешомад, ҷамъоварии ҳосили пахта ва дастгирии зарурии хоҷагиҳои пахтакор ва ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷалб намуда, ба масъулин дастуру ҳидоят дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520