Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Боғи устод Рӯдакӣ

25.08.2008 20:30, шаҳри Душанбе

Бегоҳии имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфта, расман ба истифода дода шуд.

Боғи устод Рӯдакӣ имсол ба ифтихори 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс мавриди азнавсозӣ ва ободу зебо кардан қарор гирифт ва дар маркази он пайкараи бузурги шоир гузошта шуд.

Намояндагони илму фарҳанг ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт Сарвари фарҳангдӯсту фарҳангпарвар ва эҳёгару тарғибкунандаи таърихи пурғановати ниёгони шӯҳратмандамон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол гирифтанд.

Азнавсозии Боғи устод Рӯдакӣ дар асоси дастури Сарвари давлат чун армуғони сазовор ба ҷашни 1150-солагии маликушшуаро дар мӯҳлати 9 моҳ анҷом дода шуд. Боғи устод Рӯдакӣ бо фаввораҳои бешумори дилфиреб ва гулу гулгаштҳои нозанин ҳусну ҷамоли тоза пайдо намудааст. Маблағи азнавсозии боғ ва офариниши пайкараи биринҷии устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки 7 метр баландӣ дорад, 32,5 миллион сомониро ташкил додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳазорон нафар дӯстдорони илму адаб ва фарҳанги волои тоҷикон суханронӣ намуда, ин рӯйдоди фараҳбахшро ба кулли мардуми кишвар табрику таҳният гуфт ва ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боғи зебо ва пайкараи пурҷило саҳмгузорӣ намудаанд арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев парда аз рӯйи пайкараи султони шоирон-Абӯабдулло Рӯдакӣ бардошта, рӯ ба мардум кушодани ӯ ва ифтитоҳи дубораи Боғи устод Рӯдакиро баъди азнавсозӣ расман эълон намуданд.

Басо гуворо аст, ки дар пайкара симои айёми ҷавонии устод Абуабдулло Рӯдакӣ таҷассум ёфтааст.

Боғи таҷдидшудаи устод Рӯдакӣ имрӯз дар масоҳати 12,78 гектар қитъаи замин доман паҳн намуда, дар радифи майдони Дӯстӣ, Маҷмааи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бинои навбунёди боҳашамати Қасри миллат ба як ансамбли нотакрори меъморию фарҳангӣ ва мавзеи гуворои гаштугузори сокинону меҳмонони пойтахти кишвари азизамон табдил ёфтааст.

Ин рӯйдоди пурарзиши фарҳангӣ, ки дар арафаи ҷашнҳои бузурги соли равон ҷараён гирифт, бо ҳунарнамоии ҳунармандони машҳури театру кино ва консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520