Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷамъомади ботантана ба муносибати кушодани муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

25.08.2008 20:30, шаҳри Душанбе

Дӯстони азиз!
Ҳамватанони арҷманд!

Дар таърихи ҳар халқу миллат сана ва рӯйдодҳои арзишманде ҳастанд, ки бо гузаштани вақту тақозои замона мазмуну мундариҷаи нави иҷтимоӣ мегиранд.

Бегумон, амали хайре, ки ҳоло бо иштироки меҳмонони олиқадр ва мардуми пойтахти кишварамон амалӣ мешавад, чун як саҳифаи заррини дигар ба китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид мегардад.

Имрӯз дар боғи тарҳи навгирифтаи устод Рӯдакӣ, воқеъ дар маркази пойтахти мамлакатамон муҷассамаи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки соли равон бо қарори ЮНЕСКО 1150-солагии ӯро дар қатори мардуми Тоҷикистон тамоми ҷаҳони мутамаддин ҷашн мегирад, қомат афрохт.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин муҷассамаи устод Рӯдакӣ аз лиҳози услуб ва санъати меъморӣ дар радифи зеботарин ва пуршукӯҳтарин ёдгориҳои таърихии кишварамон мақоми арзанда хоҳад гирифт.

Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки расо ним аср қабл Тоҷикистон 1100-солагии нобиғаи миллат - устод Рӯдакиро ботантана ҷашн гирифта буд, вале дар замони мо, замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ҷашни Рӯдакӣ ҳамчун таҷассумгари андеша, ҷавҳар ва фитрати миллӣ, ҳамчун тантанаи пирӯзии хиради азалии халқи тоҷик моҳияти нав касб менамояд.

Хотираи инсоният ба мисли оинаи пурҷилоест, ки бани одам онро аз насл ба насл мерос гузошта, дар роҳҳои пурпечутоби таърих эҳтиёткорона ҳифз намудаанд, то гаштаю баргашта дар оинаи таърих осореро бубинанд, ки орзую омол, шикасту пирӯзиҳо ва лаҳзаҳои нишотбахши замонҳои пешинро ифода менамоянд.

Огаҳӣ аз гузашта наслҳои минбаъдаро бо донишҳои нав мусаллаҳ месозад, ба онҳо сабақҳои волою хирадмандона медиҳад, дар мисоли корнамоиҳои аҷдодон ибрату илҳоми тоза мебахшад.

Ба ин маънӣ, рӯ овардани мо ба замони Сомониёни бузург, ба умқи таърихи ҳазорсола, ки аз паси ғубори он шеъри Рӯдакӣ чун нури ҳаётбахши хуршед ҷило медиҳад, як амали табиист.

Маҳз дар замони Сомониён баъди суқути тӯлонӣ давлатдории мо эҳё гардид ва шакли комил гирифт. Маҳз дар ҳамон давра Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдевори кохи бузурги адабиёт ва фарҳанги моро гузошт, маҳз дар ҳамон айём забони адабии тоҷикӣ ва андешаи миллию ғояи ватанхоҳӣ ташаккул ёфтанд, ки ба шарофати онҳо халқи тоҷик минбаъд дар гирдоби офатбори таърих бо вуҷуди шикасту рехти зиёд эмин монд.

Эҷодиёти пурғановати Рӯдакӣ ба давраи ниҳоят муҳим ва пурталотуми таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон рост омада, дар он воқеъаҳои бузурги иҷтимоии замон таҷассум ёфтаанд.

Ақоиди адабӣ ва зебоипарастии Рӯдакӣ дар асри ӯ комилан навоварона, боҷасорат ва пешқадам буданд ва пешорӯи суханварон уфуқҳои тозаро мекушоданд. Хизмати бузурги Рӯдакӣ дар он аст, ки ӯ на фақат пояи адабиёти тоҷикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард ва бо ҳамин истиқлоли адабии халқи худро таъмин намуд.

Мероси адабии шоир ба дараҷаи ҳайратангез бузург будааст ва абёте, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он баҳри бекарона ба мисли як қатраанд.

Вале ҳатто аз ин осори камшумор шукӯҳу шаҳомати он кохи баланди назм, ки офаридгораш Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ба хубӣ пайдост.

Рӯдакӣ на фақат шоири забардаст, балки донишманди комил низ буд.

Ӯ аз таърих ва фалсафаи мамолики Шарқ ва Юнони қадим маълумоти фарох дошт, достонҳо ва ривоятҳои қадими паҳлавӣ, суғдӣ, арабӣ ва халқҳои дигарро хеле хуб медонист.

Рӯдакӣ аз фарҳанги бостонии аҷдоди хеш ифтихор дошт, ватанхоҳӣ, адолатпарварӣ ва инсондӯстиро талқин менамуд.
Аз он айёме, ки Рӯдакӣ зистаасту эҷод намудааст, беш аз ёздаҳ аср сипарӣ шудааст, вале даъватҳои шоир ба хотири баҳрагирӣ аз таҷрибаи рӯзгор ва илмомӯзию донишандӯзӣ дар асри мо, асри рушди илму техника ва технологияҳои нав, асри глобализатсия бо ҳама ҳусну қубҳаш ниҳоят замонавӣ ва асоснок садо медиҳанд.

Чунин афкори хирадмандонаю дурбинона дар эҷодиёти Рӯдакӣ хеле зиёд аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки шеъри Рӯдакӣ ҳеҷ гоҳ кӯҳна нахоҳад шуд ва худи ӯ дар ҳамаи давру замонҳо шоири муосир боқӣ хоҳад монд.

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар арафаи иди бузурги миллиамон - 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад.

Дар ин лаҳзаҳо ёдовар шудан хеле бамаврид аст, ки маҳз дар замони истиқлолият мо имкон ёфтем, то гузаштаи миллати худро таҷдиди назар кунем ва аз маънову мундариҷаи мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин ба манфиати давлати мустақил ва ҷомеаи нави кишварамон баҳрабардорӣ намоем.

Дар ин рӯзҳо мо бояд аз истиқлоли Ватан ва толеи баланди миллати хеш шукргузор бошем, ки маҳз дар рӯзгори мо ду абармарди таърихи пурифтихорамон - Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба қуллаи боз ҳам баланди шаъну шӯҳрат расиданд ва пайкараҳои боҳашамати ин ду нобиғаи миллат рӯ ба рӯ, дар канори ҳам дар дили пойтахти давлати тоҷикон қад афрохтанд.

Чунон ки шумо огаҳӣ доред, Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи машҳури «Рӯдакӣ»-ро бо маҳорати баланд ба саҳна гузошт.

Боғи марказии истироҳатӣ ва фароғатии Душанбе бо ҷилои ҳусну тозагии дигар номи мубораки Рӯдакиро гирифт. Хиёбони марказии пойтахт, чандин ноҳияҳо, пажӯҳишгоҳу донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангиву илмӣ бо исми шарифи Рӯдакӣ зебу зиннат ёфтаанд.

Дар зодгоҳи шоир, деҳаи Панҷрӯд оромгоҳи ӯ куллан бозсозӣ гардид, ки он зиёратгоҳи доимии мардуми шеъру фарҳангпарвари кишвар ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад шуд.

Тадқиқоти бунёдии донишманди маъруфи Эрон, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саид Нафисӣ, ки таҳти унвони «Муҳити зист, аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ» ҳанӯз солҳои 1934 - 1941 дар Теҳрон чоп шуда, сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардида буд, ба ҷоизаи байналмилалии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд.

Ин ҳама далели эҳтироми бепоёни халқи мо нисбат ба шоири миллии хеш аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми роҳбарону масъулон, меъморон ва хусусан сохтмончиён ва ҳааи онҳое, ки дар таҷдиди ин боғ ва бунёди муҷассамаи устод Рӯдакӣ саҳм гузоштанд, миннатдории худро баён менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Иҷозат диҳед ин лаҳзаҳои хотирмон ва пурнишотро бо як байти шоири гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ ҳусни хотима бахшида, ба шодмонии тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамаи эътиқодмандони шеъри оламгири тоҷикӣ-форсӣ дидори азизи устод Рӯдакиро дар ҷилои нав муборакбод гӯям:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520