Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар ноҳияи Данғара

26.04.2023 09:44, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар ноҳияи Данғара  26.04.2023

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара меҳмонхонаи “Комрон+П”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолсозии нақши бахши хусусӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкор Комрон Солеҳзода сохта шудааст.

Масоҳати меҳмонхона 238 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 5 ошёна иборат мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, коргаронро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замон хизмат расонидан ба мизоҷон вазифадор намуданд.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” аз 16 ҳуҷра иборат буда, имкон дорад, ки дар як вақт ба 30 нафар хизматрасонӣ кунад. Ҳамзамон бино дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Дар вақти бунёди иншооти мазкур 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Баъди ба истифода додани меҳмонхона бошад, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Майдони асосии иншоот 13 садякиро ташкил медиҳад. Саҳни меҳмонхона сафолакпӯш карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Ноҳияи Данғара, ки дорои табиати дилфиреб ва мавзеҳои таърихӣ мебошад, бунёду ба истифода додани меҳмонхона ва ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шароити хизматрасонӣ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани иншооти муосирро намунаи асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷети арзёбӣ карданд.

Меҳмонхона аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комрон+П”, ки аз соли 2003 инҷониб фаъолият мекунад, сохта ба истифода дода шудааст.

Таҳкими корҳои ободонӣ ва бунёду ба истифода додани иншооти гуногун аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин ва ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар шафати роҳ воқеъ мебошад ва сайёҳону меҳмонон метавонанд минбаъд аз хизматрасонии сатҳи баланди он дар ноҳияи Данғара баҳравар шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520