Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


аз 13 августи соли 2008 шаҳри Душанбе № 399

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии
ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015



Бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ омода намуда, ҷиҳати амалигардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда шаванд, ки Барномаи мазкурро бо ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ муҳокима намуда, нақшаи онҳоро бо афзалиятҳо ва ҳадафҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мутобиқ созанд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, вазорату идораҳо, ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳро барои солҳои 2008-2015 таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520