Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

09.08.2008 18:00, Чин

Аз 7 то 9 –уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ифодаи эҳтирому самимияти хосси шарқиёна истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ба шаҳрчаи олимпӣ ташриф оварда, бо варзишгарони Тоҷикистон ва мураббиёну ҳайати ҳамроҳи онҳо мулоқот кард.

Сарвари давлат ба варзишгарони шинохтаи мамлакат, ки масъулияти бузурги муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ин тантанаи байналмилалии варзишӣ бар ӯҳда доранд, барору иқболи баланд таманно кард.

Мавриди зикр аст, ки дар бозиҳои олимпӣ имсол 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар бахшҳои бокс, дзюдо, гуштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Иштироки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои 29-уми олимпӣ шаҳодати возеҳи болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, афзоиши дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва қабл аз ҳама имкони волои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон миёни беш аз 200 кишвари дунё мебошад»,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки 7,5 миллион аҳолии сарзамин ва милионҳо тоҷикону ҳамзабонони бурунмарзӣ давоми 1 моҳ бесаброна интизори пирӯзиҳои нави варзишгарони тоҷик хоҳанд буд.

Варзишгарони тоҷик бо ифтихормандию сарфарозӣ аз талошу ғамхориҳои Сарвари давлат, ки бевосита ба шаҳраки олимпӣ баҳри ҳидояту дастгирӣ ва рӯҳафзоии онҳо омадааст, қавл доданд, ки тамоми имконияту таҷриба, маҳорату малака ва қудрату тавоноии худро барои ба даст овардани ҷойҳои аввал равона мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ситод ва ҷойҳои иқомати варзишгарони тоҷик бо онҳо расми хотиравӣ гирифта, ба Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои ба варзишгарон фароҳам овардани шароитҳои мусоиди омодагӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳраки олимпӣ дар майдони 66 гектар доман паҳн карда, барои зист ва истироҳати 16 000 варзишгар пешбинӣ гардидааст.
Дар дохили шаҳрак мағозаҳо, шӯъбаҳои бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии гуногун бо воситаҳои ҳозиразамон омодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз майдони “Сулҳ ва Дӯстӣ”, ки дар маркази шаҳраки олимпӣ ҷойгир шудааст, дидан карда, дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Пекин Президенти ширкати ZTE-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.

«Мо аз ҳамкорӣ бо ширкати ZTE қаноатмандем», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - зеро маҳз дар ҳамдастӣ бо ин ширкат мутахассисони тоҷик дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои алоқаи байнишаҳрию байналмилалӣ насб карда, сатҳи хизматрасониро ҷавобгӯи талаботи рӯз гардонданд.

Президенти ширкати ZTE ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ дар мавриди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ изҳори сипос карда, иттилоъ дод, ки нақшаҳои ширкат ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст. Алҳол бо ширкатҳои Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ба оғози татбиқи лоиҳаҳои нав ҷараён дорад.

Сарвари давлат ба соҳибкори чинӣ дар бораи имкониятҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба Тоҷикистон иттилоъ дод ва ҷонибҳо дар мавриди вусъати ҳамкориҳои судманди барои ҳар ду тараф судманд ҳамфикр буданд.

Бегоҳии рӯзи 7 август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои дигар, ки баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпӣ ба шаҳри Пекин ташриф оварда буданд зиёфати расмӣ орост.
Рӯзи 8 август сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Дар доираи барномаи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин субҳи рӯзи 8 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Маркази миллии санъати ин кишвари афсонавӣ дидан кард.

Ин марказ яке аз калонтарин маҷмааҳои фарҳангии шаҳри Пекин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор рафта, аз 3 толори бузург – драммавӣ, консертӣ ва филармония иборат аст.

Аз шумораи умумии 2398 ҷойи нишаст 2019 ҷой танҳо дар дар толори консертӣ барои тамошобинон бо акустикаи махсус танзим шудааст. 1035 нишастгоҳ мураттаб бо таҷҳизоти навини техникӣ ва садодиҳандаи акустикӣ ва визуалӣ мебошанд. Деворҳои дохилӣ бо чӯби дарахти сурхи бразилӣ рӯпӯш шудаанд.

Ин маҷмааи бузурги фарҳангиро аз берун саросар ҳавзҳои об печондаанд, ки ҳама бо мармар ва дигар масолеҳи ороишии аз ҳамаи 24 музофоти Ҷумҳурии Мардумии Чин овардашуда зебу зинат дода шудааст.

Дар доираи сафар ба шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ ро?барони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо кишвари мо ҳамкории назаррас доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот бо Ноиби президенти ширкати Хуавей Ванг Кесианг масоили густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Атрофи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва имконоти мусоиди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат бо ширкатҳои маъруфи Чин, Россия, Эрон, Фаронса, ИМА, Олмон, Канада ва Британияи Кабир амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо қариб 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ванг Кесианг ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои даъват ба ҳамкорӣ сипосгузорӣ намуда, таъкид дошт, ки омодааст бо мутахассисони тоҷик дар ҷодаи таъмини фаъолияти электронии бахшҳои маориф, тандурустӣ, алоқа, нақлиёт ва энергетика пурсамар ҳамкорӣ намояд.

Масоили татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Президенти Шӯрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки сохтмони хатти 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон» аз ҷониби ҳамин ширкат моҳи июни соли равон ду сол қабл аз мӯҳлат ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба бунёди нерӯгоҳи обии Хингоб гуфтугӯйи мушаххасу судманд анҷом доданд. Ин нерӯгоҳ бояд дар болои як шохаи дарёи Вахш, ки ҳарду аз ҷумлаи рӯдҳои дохилии Тоҷикистон мебошанд, сохта шавад.

Чжан Син изҳор дошт, ки ширкати ТВЕА дар як вақт бо татбиқи амалии лоиҳаи инвеститсионии сохтмони хатти 500 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард.

Сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Ҷисианг хеле пурмӯҳтавою самимӣ буд.

Дар вохӯрӣ оид ба корҳои анҷомдодаи ширкат дар мавриди бунёди роҳҳои автомобилии стандарти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи босифати лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош (сарҳади Қирғизистон) гуфтугӯ сурат гирифт.

«Бунёди роҳ, ки заминаи асосии рушди иқтисодиёт аст, аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, таъкид кард Сарвари давлати Тоҷикистон», - ва илова намуд, ки баҳри аз сарбастагии коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар қадамҳои устувор аллакай гузошта шудаанд.

Таъкид гардид, ки роҳҳои байналмилалӣ ҳамчунин аҳамияти транзитии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро афзун менамоянд.
«Мо ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасмандем ва оянда низ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ махсусан бунёди нерӯгоҳҳои обӣ талош хоҳем кард», - иброз дошт Президенти ширкати Синоҳайдро.

Ҷонибҳо оид ба омӯзишу баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-2 ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯйи мушаххаси тӯлонӣ ва пурмӯҳтавою умедбахш анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, ки Синоҳайдро яке аз бонуфузтарин ширкатҳои олам дар сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои гуногуни барқӣ ва роҳу пулҳои сатҳи байналмилалӣ аст.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зитсин Чен Ҷингхе ҳам асосан масъалаҳои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои истеҳсоли семент ва истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд.

«Мақсади мо на танҳо рушди иқтисодиёти худӣ, балки инкишофи ҳамкориҳои минтақавии фарогири манфиатҳои кулли кишварҳои ҳамсоя мебошад», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти ширкати Зитсин ба мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди саҳмгузорӣ дар инкишофи робитаҳои минтақавӣ ва осоишу амният баҳои баланд дода, изҳори омодагии ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон кард.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ширкати Зи Экс Ҷой Инвест Горден Янро бо хоҳиши ӯ ба ҳузӯр пазируфт.

Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», афзуд Горден Ян.

Мавриди зикр аст, ки Зи Экс Ҷой Инвест аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва энергетикаи атомӣ ба шумор меравад.

Бегоҳии рӯзи 8 – уми август расо соати 20-00 бо вақти Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои 29 – уми тобистонаи олимпӣ ба варзишгоҳи марказии давлатии «Лонаи парранда» омад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони олимақоми кишварҳои хориҷиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао истиқбол гирифт.

Дар ин маросими бошукӯҳ, ки мислаш дар ҷаҳон шояд ҳеҷ гоҳ нагузашта бошад, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони воломақоми бисёр давлатҳои дигари ҷаҳон низ иштирок доштанд.

Қадамзании устувору боэътимоди варзишгарони тоҷик, ки бо Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори садҳо нафар варзишгарони беҳтарини ҷаҳон дар гирди майдони бузурги варзишгоҳи «Лонаи паранда» чарх мезаданд, боиси ифтихор ва умедҳои зиёд аз натиҷаҳои ҳунарнамоии онҳо дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпӣ аст.

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.

Маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ хеле пуршукӯҳ ҷараён гирифта, аз оғози боз як тантанаи муҳими ҷаҳонии варзишӣ дарак дод.
Субҳи рӯзи 9-уми август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарону намояндагони воломақоми як қатор кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёфати хосса орост.

Зимни ин фурсати муносиб байни онҳо оид ба масоили гуногуни муносиботи байналмилалию минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳа баҳри таҳкиму устуворгардонии дӯстию рафоқат ва амнияту осоиши аҳли башар гуфтугӯҳои судбахш сурат гирифт.

Зимни ду зиёфати расмӣ ва дигар фурсатҳои муносиб байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао оид ба муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гуфтугӯҳои судбахш сурат гирифт.

Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба поён расид.

Нимаи дуюми рӯзи 9 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Пекин ба Душанбе омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520