Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар тантанаи наврўзӣ дар Боғи миллии «Ваҳдат»-и н. Бобоҷон Ғафуров

26.03.2011 14:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Чанд рўз инҷониб мардуми сарбаланду шарифи сарзамини хуршедиамон, ки воқеан зодгоҳу ватани Наврўз аст, бузургтарин иди миллиямонро бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Маҳз ба ин хотир, имрўз мо низ дар наврўзгоҳи Боғи миллии Ваҳдат ҷамъ омадаем ва фарорасии баҳори нозанини гулафшон, эҳёи табиату сарсабзӣ ва ҷашни миллии Наврўзи хуҷастаро бо фараҳу шодмонии беандоза истиқбол мекунем ва аз даргоҳи Худои поку лоязол умед дорем, ки ин рўзи нек бо қудуми сабзу мубораки худ ба хонадони ҳар кадоми шумо файзу эҳсон ва шодкомӣ орад.

Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифу меҳмоннавози вилояти бостонии Суғд, аз ҷумла сокинони заҳматписанду фарҳангдўсти ноҳияи Бобоҷон ?афуровро бо гиромитарин ва муқаддастарин ҷашни миллати куҳанбунёдамон - Наврўзи ҷамшедӣ ва Соли нави аҷдодӣ аз самими қалб табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, сарсабзӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва барори кору комёбиҳо орзу менамоям.

Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рўз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанўз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо - тоҷикон аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврўз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд. Бояд зикр кард, ки тибқи донишу таҷрибаи онҳо дар асрҳои бостонӣ фаслҳои солро ба давраҳои гармо ва сармо тасниф менамуданд. Ин ду фасли сол, яъне гармо - тобистон аз ҳафт моҳ ва сармо - зимистон аз панҷ моҳ иборат буданд.

Дар ҳар яке аз ин фаслҳо ҷашне баргузор мегардид, масалан ҳангоми фарорасии фасли гармо хонаву кўчаҳоро тоза карда, гулҳоро аз гармхонаҳо ба чаманистонҳои сабзу хуррам мебароварданд, аз дидани чеҳраи дилорои офтоб хушҳол мешуданд, интизори расидани падидаҳои тозаи рўзгор, беҳбудии шароити вазъи ҳаво, рустани гулу гиёҳҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, яъне бедории табиат гардида, онро бо некрўӣ пешвоз мегирифтанд.

Онҳо Наврўзро ҷашни офариниши инсонҳо медонистанд ва дар фарҳанги асилу азими ҷовидонаашон ин падидаи абадии башариро мўътабар мешумориданд.

Мутобиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ, баъзе олимон таърихи пайдоиши инкишофи Наврўзи оламафрўзро ба ялону паҳлавонон ва шоҳаншаҳони асотири ориёӣ, аз ҷумла ҷамшеди Пешдодӣ, Таҳмураси Девбанд, Каюмарси Кўҳшоҳ ва Фаридун нисбат медиҳанд.

Дар ин рўз расм аст, ки мардум барои якдигар ширинӣ мефиристанд. Зеро дар рўзи Наврўз найшакарро ёфтанд ва ком ширин карданд, ки он ба яке аз фазилатҳои иди баҳор табдил гардид. Ва имрўз, яъне 26 март рўзи шашуми ид - Наврўзи бузург аст, ки ба қавли Абўрайҳони Берунӣ «дар назди ориёиён иди бузургест. Ва гўянд, ки Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рўз охири рўзҳои шашгона аст.

Ва дар ин рўз Худованд Муштариро биофарид ва фархундатарин соатҳои он рўз соатҳои Муштарӣ аст. Ва аз ин ҷост, ки онро «рўзи умед» ном ниҳоданд. Ва дар бомдоди Наврўз ҳар кас шакар бичашад, дар ҳама сол аз анвои офатҳо солим хоҳад монд».

Дар баробари ин, ҷашни миллии Наврўзро дар баробари мардумони ориёинажод дигар халқҳое, ки бо сарзамини бузурги Аҷам ҳамеша робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштаанд, бо тамоми одобу русумаш ҳамчун яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллиашон пазируфтаанд, ки ин, бешубҳа, баёнгари меҳру муҳаббат, тарғибгари некиву накўкорӣ ва бунёдкориву созандагӣ будани Наврўзи Аҷам мебошад. ҳамин ғояҳои умумибашарии Наврўз соли гузашта аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид ва дар ниҳоят қатъномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» қабул шуд.

Суннату таомулҳои неку писандидаи аз кинаву кудурат пок кардани дилҳо, бахшидани гуноҳҳо, авфи якдигар, таҳким додани риштаҳои дўстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, мўҳтоҷону эҳтиёҷмандон, инчунин афрўхтани гулхани наврўзӣ, густурдани ҳафтхони наврўзӣ, шинонидани ниҳол, ҷуфтбаророн, пошидани донаи умед, баргузор кардани мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва таконидани ҷиҳозу асбоби хона имрўз ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврўз моҳияти худро дубора эҳё намуда, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил меёбанд.

Бистумин Наврўзи истиқлолият ба кишвари мо низ мазмуну моҳияти нав ворид мекунад ва муждаю навгониҳои тару тоза меорад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврўз дар кишварамон таровати хоса гирифта, он сол аз сол дар сатҳи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомати азим таҷлил мегардад. Мо дар даврони истиқлолият, ки дар назди таърих на он қадар фосилаи зиёд мебошад, дар ҳама арсаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил шудем. Бузургтарин дастоварди мо хомўш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар баробари ҳамаи мардуми кишвар сокинони ватанпарасту ватандўст ва заҳматпешаву соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд низ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзанда доранд ва мисли ҳарвақта дар сафи пеш мебошанд. Онҳо дар назди худ вазифа гузошта буданд, ки барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллиамон 20 - солагии истиқлолият беш аз дусад иншооти гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро, ки ҷавобгўи талаботи меъёрҳои муосир мебошанд, мавриди баҳрабардории умум қарор диҳанд.

Имрўз дар доираи чорабиниҳои наврўзии вилоят мо шоҳиди ба истифода додани мактаби навбунёди замонавӣ ва чор корхонаи нави саноатӣ гардидем, ки воқеан қобили таҳсину ифтихор мебошад.

Дар ин боғе, ки мову шумо ҳоло ҳузур дорем, чанд сол пеш дар арафаи ҷашни Наврўз аввалин ниҳолҳои онро шинонида будем, ки аллакай ба як макони биҳиштосо ва мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашт табдил ёфтааст.

Тавре ки мушоҳида мекунед, ҳоло он натанҳо ба парваришгоҳи ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои нодир, балки ба як нигорхонаи табиати зебову рангоранги ватанамон мубаддал гашта, маданияти баланди заминдориву боғдорӣ ва дар маҷмўъ як ҷузъи фарҳанги зиндагии моро нишон медиҳад.

Ин табиати назаррабову дилкушо эҳсоси гарми худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ифтихори миллии ҳар як фарди соҳибзавқро бармеангезад ва онҳоро ба раванди бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин садои бедории табиат моро вазифадор месозад, ки дар баробари аз таъриху фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллии худ огоҳ будан инчунин бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар намоем.

Бо истифода аз ҳузури намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мехоҳам як масъалаи ҳаётан муҳимро хотирнишон намоям. Дар давоми чанд соли охир бо сабаби падидаи глобалии гармшавии иқлим, ки боиси ба вуҷуд омадани бисёр офатҳои табиӣ – камобӣ, хушксолӣ ва дигар мушкилот мегардад, инчунин бинобар афзоиши босуръати аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба маводи озуқа ва сўзишворӣ нархи онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ торафт баланд шуда истодааст.

Ва тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин тамоюл минбаъд низ идома меёбад. Дар чунин шароит роҳи ягонаи пешгирӣ кардани афзоиши нархи хўрокворӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзии худӣ тавассути истифодаи оқилонаву сарфакоронаи обу замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду – се ҳосил, махсусан аз заминҳои обӣ, яъне васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ҳатман ташкил кардани захираи дусолаи маводи зарурии озуқа дар ҳар як оила мебошад. Яъне фаровониву арзонӣ, пеш аз ҳама, ба худамон вобаста аст.

Илова бар ин, мо бояд сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии ҳаррўзаи худ табдил диҳем, муқаррароти қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро риоя намоем, зиёдравӣ накунем ва ин кори хайрро ба фарзандони худ доим талқин намоем.

Ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем барои худ зиндагиву рўзгори осударо таъмин карда, расму оинҳои нек ва маросиму ҷашнҳои миллии худ, аз ҷумла Наврўзро ба хотири ҷамъ ва дастурхони ороста истиқбол намоем ва ҷашн гирем.

Бо ҳамин ниятҳои неки баҳорона бори дигар шумо - ҳозирини гиромӣ ва мардуми сарбаланду бонангу номуси Суғдро ба ифтихори ҷашни фархунда ва мубораки Наврўзи Аҷам табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву хушбахтӣ, саодати рўзгор ва файзу баракати наврўзӣ орзу менамоям.

Қудуми сабзи Наврўз муборак бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520